logo

Хабарҳо

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, Латофат Назирӣ, муовини вазир ва аъзои ҳакамон маросими ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2020” баргузор гардид.
Нахуст, Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омода аст, ки омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва меҳнати онҳоро қадр намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ карда, дар он маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд. Ҳамзамон, Муҳаммадюсуф Имомзода аз фаъолияти ҳакамон, мутасаддиён ва намояндагони ВАО, ҷиҳати мунтазам ба нашр расондани хабару гузоришҳо дар бораи ҷараёни  озмун, изҳори сипос намуд.
Баъдан, аз ҷониби ҳакамон натиҷаи озмун эълон гардид. Тибқи он, омӯзгори химияи литсейи № 3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2020” дониста шуд. Омӯзгори биологияи муассисаи таълимии махсусгардондашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Ҷалолова ҷои дуюм, омӯзгори географияи мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода ва омӯзгори забони англисии литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ Сайлӣ Наврӯзбекова ҷои сеюмро ба даст оварданд. Муаллими забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ноҳияи  Шаҳринав  Тоҳирҷон Холиқов бошад, барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гашт.
Дар охир, Муҳаммадюсуф Имомзода ғолибонро табрик намуда, таъкид кард, ки вобаста ба истифодаи роҳу усулҳои муосири таълим дар рӯзнома ва маҷаллаҳои соҳавӣ мақолаҳо ба табъ расонанд ва ба ин васила дар беҳтар гардондани сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ саҳми босазо гузоранд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 258
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед