Хабарҳо
ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД
Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) феҳристи доварони бозиҳои байналмилалиро дар соли 2021 нашр кард, ки ба он аз Тоҷикистон 14 довар – 5 рефери, 7 ёвари реферии ФИФА ва ду реферии футзал шомиланд.
Инҳо Насрулло Кабиров, Сайёдҷон Зайниддинов, Хуршед Дадобоев, Гулмуроди Саъдулло, Нодира Мирзоева (ҳама рефери), Хусрави Сиддиқзод, Акмал Бӯриев, Вафо Қараев, Исмоил Нуралиев, Фарҳод Куралов, Ҳасан Каримов, Дилшода Раҳмонова (ёварони рефери), Беҳрӯз Муртазоев ва Суҳроб Сатторов (реферии ФИФА оид ба футзал) мебошанд.
Аз ин миён Насрулло Кабиров, Гулмуроди Саъдулло, Сайёдҷон Зайниддинов, Хусрави Сиддиқзод, Акмал Бӯриев, Ҳасан Каримов, Вафо Қараев, Исмоил Нуралиев ва Фарҳод Куралов дар рӯйхати доварони баргузида (элита)-и Конфедератсияи футболи Осиё ҷой гирифтаанд.
"ҶОМИ РУШД – 2021". ҚАЗОҚИСТОН, МОЛДОВА ВА БЕЛАРУС РАҚИБОНИ МУНТАХАБИ МО
Тавре қаблан хабар дода будем, тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U – 17) дар мусобиқаи 17-уми байналмилалии «Ҷоми рушд – 2021» (31 январ – 6 феврал, Минск, Беларус), ки дар он ширкати 8 даста дар назар буд, иштирок мекунад.
Вале, тибқи иттилои ФФТ, барои ҷом дар ин мусобиқа на 8 тим, балки 4 дастаи мунтахаб талош хоҳад кард. Футболбозони навраси тоҷик бо тимҳои Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Беларус (6 феврал) қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Мусобиқа дар як давр баргузор мешавад. Боиси тазаккур аст, ки соли гузашта наврасони тоҷик дар он зинаи дуюмро ба даст оварда буданд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 260