logo

энергетика

ТАНЗИМИ БАРҚ ЗИНДАГИРО САФО МЕБАХШАД

Сарфаю сариштакории барқ на фақат хоси кишвари мост, балки мамлакатҳои мутараққӣ низ онро василаи тақвияти иқтидори энергетикӣ унвон медиҳанд. Зимнан, сарфаро бо гунаҳои мухталиф, амсоли пешниҳоди техникаю таҷҳизоти каммасраф ба шаҳрвандону истеҳсолгарон, истифода аз неруи сабзи алтернативии барқ, ки ба ҷуз об, аз нури Офтобу ҳаракати бод низ ҳосил мешавад, марҳила ба марҳила татбиқ месозанд. Барои Тоҷикистон низ ҳоло чунин як давра фаро расидааст. 
Дар атрофи ин мавзӯъ, ки ба дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, бо Аҳлиддин Шарифзода, муовини сардори шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар, суҳбат доштем, ки инак, фишурдаи он.
– Пас аз ҷаласаи вижае, ки 15 декабри соли 2020 Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалли мушкилоти рӯз ва сарфаи барқ гузаронданд, дар шаҳри Бохтар аз ҳисоби намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдор гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд. Вазифаи онҳо як аст: гузарондани корҳои оммафаҳмонӣ бо назардошти масъалаҳои умда, аз ҷумла сарфаи неруи барқ. Баҳри татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода сар карда ҳар фарди масъул ташаббус нишон дода истодааст. 
Маҳз натиҷаи ҳамин иқдомҳост, ки мувофиқи таҳлилҳои мо, аз 17 декабри соли 2020 то 17 январи соли 2021 дар шаҳри Бохтар 3 миллиону 550 квт/соат неруи барқ сарфа шудааст. 
Сарфакорӣ дар самти истифодаи неруи барқ чист? Ин, пеш аз ҳама, ба фарҳанги истифодаи барқ аз ҷониби шаҳрвандон марбут аст. Масалан, зиёд мушоҳида мешавад, ки печи барқӣ, кондитсионер, фурӯзонак ва ҳоказо дар ҷойе, ки одам нест, фаъоланд. Василаи дигари сарфакорӣ истифода аз техникаю таҷҳизоти каммасраф аст. Агар шаҳрвандон ин ду паҳлуи масъаларо ба инобат гиранд, метавонанд, ки дар як шабонарӯз 2-3 соат, балки бештар аз ин неруи барқро сарфа кунанд. 
Мусаллам аст, ки дар рӯзҳои нисбатан сард сарборӣ бештар аст. Биноан, он миқдор барқе, ки дар ин гуна рӯзҳо истеҳсол мешавад, ҳаргиз кифоят намекунад. Ва ин дар ҳолест, ки истифодабарандаҳои барқ пайваста меафзоянд. 
Барои мисол, бояд як хона дар як соат 4 квт/соат неруи барқ бигирад, аммо тибқи ҳисобҳои мо, ҳоло дар маҷмӯъ, 8-9 квт/соат истифода бурда истодаанд. Аз ин ҳисоб ҳаққи истифодаи барқ барои як моҳ аз баъзе оилаҳо то ба 900 сомонӣ мерасад, ки ин латма ба буҷети оилавист. Ин миқдор маблағ аз даромадҳои умумии баъзе оилаҳо бештар аст. Як сабаби қарздор шудани муштариёни мо маҳз ҳамин беэътиноист. 
Қарздорӣ аз барқ то нимаи моҳи январи соли ҷорӣ ба 92 миллион сомонӣ расидааст, ки аз ин 34 миллионаш мансуб ба аҳолист.
Гоҳо аъзои ҳафт гурӯҳи корӣ шоҳиди фориғболӣ ё фиребгарии баъзе аз истифодабарандагон мешаванд. Чунончи, ҳолатҳои оҳанрабо гузоштан ба оҳанчархи ҳисобкунаки барқӣ, бо сӯзан кори онро боз доштан, берун аз ҳисобкунак ноқил кашидан ва ғайра ба мушоҳида расиданд. Ин аст, ки нисбат ба 82 нафар ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ санад тартиб дода шуд. 
Боиси нигаронист, ки ҳисобкунакҳои баъзе идораҳо низ коршоям набуданд. 
Аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба соҳибмулкони як нуқтаи савдо ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, қаҳвахона ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ ва ду нонво ба маблағи 31 ҳазор сомонӣ, парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.
Моликони чор хонаи истиқоматӣ, ки дар маҳаллаи Хатлон, бинои 9 ҷойгиранд, барои хунукназарӣ ҳангоми истифодаи барқ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Боиси таассуф аст, ки муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр аз ҳаққи истифодаи барқ беш аз 100 ҳазор сомонӣ ва беморхонаи марказӣ ҳудуди 500 ҳазор сомонӣ қарздор буда, бо баҳонаи маҳдуд будани имкони молиявӣ ин маблағҳоро пардохт накардаанд.
Дар 12 моҳ, бо шумули як моҳи соли 2021, нисбат ба барқистифодабарандагони каммасъулият, ки 549 нафаранд, санад тартиб дода шуда, алайҳи 12 кас парвандаи ҷиноятӣ боз гардид. Аз ҷамъи маблағи умумии зарар, ки 412 ҳазор сомонист, 365 ҳазор сомонӣ рӯёнда шуд.
Пӯшида нест, ки дар кишвар ҳаҷми истеҳсоли барқ аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои нави пуриқтидор ва таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда сол ба сол боло меравад. Бо вуҷуди ин, сарфаи барқ дар солҳои камбориш яке аз самтҳои афзалиятнок дар таъмини аҳолӣ бо неруи арзон мебошад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2021    №: 29    Мутолиа карданд: 433
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед