logo

Хабарҳо

ҶАҲОН

БОЗДОШТИ МАБЛАҒГУЗОРОНИ ГУРӮҲИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ» 
ТАСС. Тибқи иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти бехатарии федералии Россия, аз ҷониби кормандони ниҳод дар Тотористон ва Қрим нафароне, ки барои эҳтиёҷоти террористон маблағ ҷамъ меоварданд, дастгир гаштанд.
Чуноне зикр мегардад, шумораи дақиқи боздоштшудагон гуфта нашудааст, вале таъкид мешавад, ки ҳамаашон шаҳрвандони Россия мебошанд.
Тафтишот муайян намуд, ки ҷинояткорон бо баҳонаи фаъолияти эҳсонкорӣ тавассути интернет аз мардум маблағ ҷамъ карда, онро барои бароварда сохтани ниёзҳои ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Россия) интиқол медоданд. 
Иттилоъ дода мешавад, ки тафтишоти ин қазия идома дорад.
 
 
ЧОР ФАРЗИЯИ ПАЙДОИШИ SARS COV – 2
Interfax.ru. Бино ба ақидаи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,  чор фарзияи пайдоиши коронавирус  вуҷуд дорад. Дар ин бора муовини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии  эпидемиология ва микробиологияи Санкт-Петербург ба номи Пастер  Владимир Дедков, ки дар ҳайати коршиносони СҶТ аз шаҳри Ухан дидан карда буд, хабар додааст. 
Ба гуфтаи ӯ фарзияи аввал, интиқоли коронавирус аз ҳайвон ба инсон тавассути миёнарав, дуюм, интиқоли мустақими вирус аз ҳайвон ба инсон, сеюм, интиқоли вирус тавассути маҳсулоти яхкардашуда ва чорум,  сарчашмаи паҳншавии он озмоишгоҳ мебошад. Ҳамзамон, ӯ таъкид дошт, ки коршиносони СҶТ фарзияи интиқоли коронавирусро аз ҳайвон ба инсон тавассути миёнарав асосӣ меҳисобанд.
 
 
КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СААШ МУНОСИБАТ БО РОССИЯРО ШАРҲ ДОД
Russian.rt. Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ Йенс Столтенберг дар мусоҳиба бо рӯзномаи EL Mundo изҳор намуд, ки эътилоф бо Россия чи  ба ҳамкорӣ ва чи ба мухолифат омода аст. 
- Агар Россия ҷонибдори зиддият бошад, мо тайёрем, вале агар онҳо хоҳони муносибатҳои ҳасанаанд, хурсанд хоҳем шуд, - гуфт ӯ.
Сарвари СААШ таъкид кард, ки эътилоф аз манфиатҳои аъзояш ҳамеша ҳимоят мекунад. 
- Ҳатто, агар мо ба беҳтар гаштани муносибат бо Москва бовар надошта бошем ҳам, бояд барои хубтар шудани робитаҳо кӯшиш намоем,- афзуд Йенс Столтенберг.
 
 
ДАР КАНАДА «СПУТНИК V»-РО «МУЗАФФАРИЯТИ ИЛМӢ ВА ДИПЛОМАТИИ РОССИЯ УНВОН КАРДАНД»
АИР «Новости». Ба ақидаи шореҳи Radio Canada Тамара Алтереско, истеҳсоли ваксинаи «Спутник V» музаффарияти илмӣ ва дипломатии Россия аст. 
Ӯ ёдовар мешавад, ки дар аввал доруи истеҳсоли Маркази таҳқиқотии миллии  эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалеяро ҷомеаи Ғарб хуш қабул накард. Вале бояд эътироф кард, ки дар сабқати истеҳсоли ваксина  Россия ғолиб омад. Зеро талабот ба он на танҳо дар давлатҳои иттифоқчии Россия, балки Аврупо низ беш аз пеш меафзояд. Аз ин лиҳоз, инро метавон, пирӯзии  бечунучаро ва бебаҳси Россия номид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 220
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед