Хабарҳо
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
МАЪЮБОН ҲАМ БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲ МЕЁБАНД
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори рӯзнома дар мавриди татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» посух дод.
Тавре зикр гашт, барои татбиқи ин лоиҳа Люксембург 21 ҳазор евро ҷудо намудааст, ки дар доираи он бо шахсони имконияташон маҳдуд вохӯриҳо гузаронда шуданд.
- Академия ҳамчун пешбарандаи сиёсати Ҳукумати мамлакат ба дастгирии маъюбон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Тавассути ҷамъиятҳои маъюбон мо чунин ашхосро барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ҷалб карда истодаем. Ба хотири оне, ки ин қишри фаъоли ҷомеа ба хизмати давлатӣ роҳ ёбад, академия бо ҷамъиятҳои маъюбон ҳамкории густурда дорад. Аз ҷумла, ҷамъияти маъюбони шаҳри Ваҳдатро, ки беш аз 60 нобино дорад, бо техника таъмин намудем, - гуфт ректор Абдухалил Ғафурзода.
Ҳамчунин, таъкид гашт, ки дар академия 24 маъюбу ятим ба таҳсил фаро гирифта шуда, қариб ҳамаашон дар ин боргоҳ ним баст кор мекунанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
БА МАБЛАҒИ 764 МИЛЛИОН СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ИСТЕҲСОЛ ШУД
Дар натиҷаи заҳмати самаровари деҳқонони шаҳр, соли сипаришуда ба маблағи 764 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2019 - ум 75 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ин матлабро Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Васеъ намудани майдони зироатҳои кишоварзӣ ба пешрафти кори кишоварзон мусоидат намуд. Дар ин давра 92897 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва 6016 тонна ба хориҷи кишвар содирот гардид. Инчунин, ҷиҳати супориши Ҳукумати мамлакат вобаста ба бештар намудани майдони картошка ва шолӣ, кишти картошка 255 гектар (44 дарсад) ва шолӣ 1310 гектар (48,2 дарсад) афзуд.
Самти авлавиятноки фаъолияти деҳқонони шаҳр ангурпарварӣ ба ҳисоб меравад ва порсол онҳо 32 144 тонна ҳосили ангур рӯёнданд. Ҳамзамон, заҳматкашони шаҳр соли гузашта коркарди ангурро ба таври густурда ба роҳ монда, 150 тонна мавиз омода намуданд, ки 90 тоннааш ба хориҷи мамлакат, асосан, ба Ӯзбекистону Қирғизистон содирот гардид.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
ФАЙЗОБОД
НАҚШАИ АНДОЗ ВА ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БАРЗИЁД ИҶРО ШУДАНД
Дар нишасти матбуотӣ Бобишо Холзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод, гуфт, ки соли 2020 иҷрои нақшаи андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ барзиёд таъмин шуда, ба буҷет 55 миллиону 243 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 543 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.
Ба саволҳои хабарнигорон оид ба рафъи мушкилоти муассисаҳои таълимӣ ва набудани стипендияи раиси ноҳия барои хонандагони болаёқат Бобишо Холзода чунин посух дод:
- Бояд зикр кард, ки аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳияи Файзобод таъмирталабанд ва дар ин ҷода бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Вобаста ба масъалаи таъсиси стипендияи раиси ноҳия барои хонандагони болаёқат бошад, идораҳои дахлдор супориш гирифтаанд ва он ояндаи наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 233