Хабарҳо
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. БО ВУҶУДИ ПЕШРАВИҲО...
Порсол дар ҷумҳурӣ ба маблағи 30 миллиарду 820,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2019 - ум 3 миллиарду 550,5 миллион сомонӣ беш мебошад. Ин нуктаро дар нишасти матбуотӣ Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, зикр кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи сипаригашта 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 6 ҳазору 500 кас соҳиби ҷои кор шуд. Аз ҳисоби 142 корхонаи нав ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он 4,8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.
Дар ин давра 110 корхона фаъолият накардааст, ки аз онҳо 21 корхонааш ба саноати истихроҷ ва 89 - тои дигар ба саноати коркард рост меояд, - гуфт Шералӣ Кабир.
Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»
АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. ПАРВОЗҲОИ ҲАВОӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА БАРҚАРОР МЕШАВАНД
Ояндаи наздик парвозҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Россия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор мешаванд. Бо мақсади ҳарчи зудтар кушодани хатсайрҳо, ки бар асари авҷи бемории сироятии COVID – 19 муваққатан боздошта шуданд, мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, барқарор кардани парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Россия аз вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти авиатсионии кишвар мебошад. Зеро ҳудуди 70 дарсади парвозҳои ҳавоие, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон анҷом меёбанд, ба Федератсияи Россия рост меояд. Алҳол байни Тоҷикистону Россия танҳо парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ширкатҳои ҳавопаймоии Россия сурат мегиранд, дар ҳоле ки Россия парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор намудааст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ. ШУМОРАИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ БА 10 220 РАСИД
Соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо харҷи зиёда аз 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ 147 иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Агар то даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як ҳазор чунин иншоот мавҷуд бошад, соли гузашта шумораи онҳо ба 10 220 расид. Дар ин бора Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки бо ибтикори кумита байни маҳаллаҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4774 мусобиқа оид ба футбол баргузор шуд.
Инчунин, бо иштироки васеи ҷомеа ва дар сатҳи баланди ташкилӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гашт, ки дар он 22 110 варзишгар, аз ҷумла 2779 бону, ширкат варзид,- афзуд Абдулло Раҳмонзода.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 180 МИЛЛИОН СОМОНӢ ХИЗМАТҲОИ КОММУНАЛӢ РАСОНДА ШУДАНД
Соли сипаришуда корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба истифодабарандагон ба маблағи 181 миллиону 876 ҳазор сомонӣ хизматҳои коммуналӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 - ум 14 миллиону 720,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора Ҷамшед Табарзода, директори генералии корхона, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Зикр гардид, ки айни замон бо ҷалби сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ дар назди корхона лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон – 1”, “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон – 2” ва “Бақарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон” амалӣ мегарданд. Лоиҳаҳои мазкур шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Хоруғ, Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Зафаробод, Шаҳристон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвонро фаро гирифта, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расидаанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 181