logo

ҳуқуқ

ХУШУНАТ. МАРДЕ, КИ ҲАМСАРАШРО ШИКАНҶА КАРД, МУҲОКИМА ШУД

Чанде қабл суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси сайёри судӣ (кохи "Маърифат" - и шаҳр) парвандаи ҷиноятиеро нисбат ба Қурбоналӣ Қурбонов баррасӣ намуд, ки барои шиканҷаи ҳамсараш муҷрим дониста мешуд. 
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда бо шаҳрванд Фотима Маҳмадиева моҳи феврали соли 2019 тариқи динӣ ақди никоҳ баста, давоми зиндагии якҷоя байнашон баҳсу мунозира ба вуҷуд омада, Қ. Қурбонов чанд бор ҳамсарашро зери лату кӯб қарор додааст. Дар натиҷа, завҷааш осебҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтааст.
Қ. Қурбонов дар мурофиаи судӣ сабаби сар задани муноқишаи байнашонро шарҳ дода гуфт, ки ӯ соли 2002 бо шаҳрванд Моҳрухсор Давлатова оила барпо намуда, аз зиндагии якҷояашон соҳиби панҷ фарзанд гардидаанд. Соли 2017 аз ҳамдигар ҷудо шуда, бо Ф. Маҳмадиева оила барпо кард. Фарзандони аз собиқ завҷааш ба хонааш меомаданд. Ин ба Ф. Маҳмадиева маъқул наафтода, бо фарзандони шавҳараш муносибати хуб надоштааст. Ӯ аз ин амалҳои занаш ба ғазаб омада, дар натиҷаи муноқиша се маротиба Ф. Маҳмадиеваро лату кӯб намудааст.   
Ҷабрдида Фотима Маҳмадиева дар мурофиаи судӣ иброз дошт, ки нофаҳмиҳои дар байнашон бударо бо ҳамдигарфаҳмӣ муросо кардаанд. Нисбат ба шавҳараш ягон даъво надорад, бо муроҷиаташ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо мехостааст, ки каме ҳам бошад, ба нофаҳмиҳо хотима бахшад. Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш менамояд, ки нисбат ба шавҳараш ҷазо таъйин накунад, зеро ӯ ягона саробони оила мебошад. 
Ҳамин тариқ, суд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Қурбоналӣ Қурбоновро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 117 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятӣ (Азобу уқубат нисбати баръало ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ӯ барои гунаҳгор аён аст…) гунаҳгор дониста, ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард. 
Вале, суд хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷиноятро таҳлил намуда, ба хулоса омад, ки аз сабабе, ки ҷабрдида Ф. Маҳмадиева нисбат ба Қ. Қурбонов даъво надорад, инчунин, судшаванда ба гуноҳи худ пурра иқрор буда, сидқан пушаймон аст, дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои асосиро шартан татбиқ накарда, нисбат ба ӯ як сол муҳлати санҷиширо таъйин намояд.     
 
М. РАҲМОНЗОДА, 
муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2021    №: 37    Мутолиа карданд: 2073
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед