logo

Хабарҳо

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоӣ, рушди соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ - самти афзалиятноки саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷамъомади мазкур аз тарафи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, гузаронда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои иттифоқ, вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, ва шарикони байналмилалии рушд ҷамъ омада, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд. 
Файзалӣ  Раҷабов, раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, гуфт: “Ҳадафи чорабинӣ дар шакли анъанавӣ ҷамъ овардани намояндагони бахши давлативу хусусӣ гирди як миз ва муколамаи озод миёни онҳо ҷиҳати беҳтар гардондани фазои соҳибкорӣ дар соҳа мебошад. Ҳадаф аз нишасти имрӯза доир ба амалишавии барномаҳои соҳавии давлатӣ, вазъи ҳозираи корхонаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа мебошад”.
Саидмуъмин Камолов, роҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ илова кард: «Ман мутмаинам, ки фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, тайёр намудани мутахассисони муҳандисӣ ва коргарони ихтисосҳои асосии босалоҳият, таъмини рақобатнокии маҳсулот дар бозори дохилию хориҷӣ ва дигар ибтикороти лозима рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишварро таъмин менамояд ва қадами  муҳиме дар роҳи коркарди  ниҳоии нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мегардад».
Абдулло Муҳаммадиев, сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии иттифоқ, фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар соли 2020 ба риштаи таҳлил кашид. Ба андешаи ӯ: «Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар соли 2020 бо вуҷуди пандемия нишондодҳои хуб дошт. Соли гузашта корхонаҳои соҳавӣ 19 287 тонна ресмони пахтагин, 13 705 000 мет-ри мураббаъ матои пахтагин ва 7 807 000 ҷуфт ҷуроб истеҳсол карданд. Ҳамчунин, дар кишвар дар ҳаҷми 346 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ ва 2 859 000 сомонӣ маҳсулоти кешбофӣ дӯхта шуд. Инчунин, корхонаҳои кишвар 926 594 дона либоси мактабӣ ҳам истеҳсол карданд. Ба маблағи 58,8 миллион доллари ИМА маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ содир шуд».
Дар мизи мудаввар, инчунин, намояндагони Вазорати саноат ва тахнологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Фонди ҷамъиятии ”Соҳибкорӣ ва рушд”, КВД бонки саноатию содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк”, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо “Тоҷикстандарт”, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз иштирок ва баромад намуданд. 
 
Ҳусейн ДОДОҶОНОВ,
сардори маркази иттилоотии 
Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 152
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед