logo

Хабарҳо

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ШАРИФ НАЗАРОВ –  МУРАББИИ ШУҲРАТЁР
Моҳи феврал ду чеҳраи тобони футболи тоҷики асри XX – Шариф Назаров (23 феврал) ва Владимир Ғуломҳайдаров (26 феврал) ба синни мубораки 75 даромаданд.
Бешак, номи Шариф Назаров дар саҳифаи варзиши тоҷик бо ҳуруфи заррин дарҷ гардидааст. Зеро маҳз таҳти роҳбарии Шариф Назаров дастаи овозадори «Помир» (Душанбе) соли 1988 ба Лигаи олии футболи ИҶШС роҳхат гирифт. Ӯ аз вазифаи маъмури даста то сармураббигӣ расида, давоми фаъолияти пурсамари худ бо шумораи зиёди мураббиён ҳамкорӣ кардааст, ки ҳар кадоми онҳо дар муваффақияти дастаи шуҳратёри «Помир» саҳми арзанда гузоштаанд. 
Дар ҷодаи мураббигӣ Шариф Назаров унвону ҷоизаҳои бешумореро соҳиб шуд. Ӯ қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон (солҳои 1992, 1998, 1999, 2000) ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон (1992, 1999, 2004) мебошад. Ягона ҷоизаи тими миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марбути номи Шариф Назаров аст. Соли 2006 зери роҳбарии вай тими миллии Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё гардид. 
Шариф Назаров соҳиби унвонҳои ифтихории Мураббии шоистаи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
ВЛАДИМИР ҒУЛОМҲАЙДАРОВ – ФУТБОЛБОЗИ КАМНАЗИР 
Дурахшонтарин футболбози тоҷик дар солҳои 60 – 70-ум, собиқ бозигари дастаи мунтахаби олимпии ИҶШС, Мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров соли 1946 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ғуломҳайдаров дар мавқеи ниммуҳофизатгар бозӣ мекард ва бинандагонро бо ҳунари волояш мафтун гардонда буд. 
Ғуломҳайдаров солҳои 1964 – 1977 дар ҳайати дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе (то соли 1970 «Энергетик» ном дошт) бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати «Помир» дар 241 бозӣ 30 гол зада, дар қатори даҳ нишонзани беҳтарини даста қарор гирифт. Баъдан, футболбози тоҷик ду сол (1969 – 1970) шарафи бошгоҳи маъруфи Россия – «Торпедо» (Маскав)-ро ҳимоя менамояд.
Соли 1968 Ғуломҳайдаровро ба дастаи мунтахаби олимпии ИҶШС даъват намуданд. Ӯ дар ҳайати дастаи мазкур ҳашт бозӣ гузаронда, ба дарвозаи ҳарифон 3 гол задааст.
Соли 1978 Владимир Ғуломҳайдаров ба кори мураббигӣ гузашт. Пас аз хатми Мактаби олии мураббигӣ, ба ҳайси ёвари сармураббӣ дар дастаи «Помир» фаъолиятро оғоз бахшид. Моҳи июли соли 1981 сармураббии даста таъйин шуд ва дар он то соли 1983 фаъолият дошт. Пас аз муддате, Ғуломҳайдаров дастаи «Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро қабул карда, то соли 1991 роҳбараш буд. Аз соли 1992 ба ҳайси мураббӣ боз ба «Помир» баргашт. Соли 1994 Владимир Ғуломҳайдаров вазифаи сармураббигии тими миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Баъдан, ба Қазоқистон кӯчид ва давоми солҳои гуногун дар дастаҳои «Ғайрат», «Тараз», «Жетису», «Мегаспорт», «Локомотив» ва «Сункар» фаъолият намудааст.
 
Таҳияи М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 190
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед