logo

ҳуқуқ

Ҷиноят ва ҷазо

ОДАМКУШӢ.  ҚОТИЛИ ҶАВОНИ 22 - СОЛА БОЗДОШТ ШУД 

Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ марди 28-соларо ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда 11 марти соли ҷорӣ дар назди бинои истиқоматиаш дар Ҷамоати шаҳраки Москваи ҳамин ноҳия бо ҷавони 22-сола муноқиша карда, бо ду зарби корд ӯро ба ҳалокат расондааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбар бо моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ то понздаҳ солро пешбинӣ менамояд.
 
 
РИШВАСИТОНӢ.  КОРМАНДИ КОМИССАРИАТИ ҲАРБИРО 
БА ТОЛОРИ СУД БУРД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара Рамазон Саидзода баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, номбурда, ки ба ҳайси ёрдамчии калони зершуъбаи 2-и комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара фаъолият мекард, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд А. Алибоев барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш – О. Алибоев бо роҳи қаллобӣ 9500 сомонӣ гирифтааст.
Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои «в, г» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва бо истифода аз мақоми хизматӣ) анҷом шудааст.
 
 
ҒОРАТГАРӢ. БОЗДОШТИ ҶАВОНОНЕ, КИ ҚАБЛАН НИЗ ДАСТ БА ҶИНОЯТ ЗАДААНД
Дар шаҳри Бохтар ду нафар, ки сомонаи ВКД аз онҳо ҷавонони 19 ва 21- сола ном мебарад, ба гумони ғоратгарӣ боздошт гардиданд.
Гумонбарон 10 марти соли ҷорӣ дар кӯчаи Осимии шаҳри Бохтар марди 45-соларо латукӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 240-сомониро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Гуфта мешавад, ки ҷавонони дастгиршуда, қаблан низ даст ба ҷиноят зада, яке бо моддаи 244, қисми 2 (дуздӣ) ва дигарӣ бо моддаи 248, қисми 2 (ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятӣ суд шудаанд. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2021    №: 54    Мутолиа карданд: 2355
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед