logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪӢ НАТИҶАОВАР АСТ

Коррупсия ё худ ришваситонӣ яке аз амалҳои номатлубест, ки ба пешрафту тараққиёти ҷомеа монеа эҷод намуда, рушди соҳаҳои гуногунро бозмедорад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб кори дастаҷамъона буда, ҳамкории мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард. Яке аз роҳҳои муассири дигар, ин муқовимати пайваста, муназзам, ҳадафманд ва маҷмӯист, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ, таърихи тӯлонӣ дорад. Он ҳанӯз дар Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то мелод) ва қонунҳои машҳури Хаммурапи мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. 
Соли 2003 Созмони Милали Муттаҳид бо назардошти он, ки коррупсия ниҳодҳои демократиро  заиф  сохта, ба волоияти қонун латма мезанад ва барои ҷинояткорон баҳри роҳандозии фаъолияти ҷинояткорӣ шароит фароҳам месозад, Конвенсияи алоҳидаи зидди коррупсияро қабул намуд, ки муҳимтарин санади байналмилалӣ дар самти мубориза бо ин зуҳуроти нангин мебошад. Аксари кишварҳои дунё ин ҳуҷҷатро ба тасвиб расонда, ба як ҷузъи таркибии низоми қонунгузории миллиашон табдил додаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимат бо коррупсия санади мазкурро 25 сентябри соли 2006 ба тасвиб расонд.
Айни ҳол, ҷиҳати паст намудани шиддати коррупсия дар кишвари мо тадбирҳои судманд андешида шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти № 34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2012” ба тасвиб расида, баъдан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти № 1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020” қабул гардид. Баҳри амалӣ гаштани мақсаду мароми барномаҳои мазкур Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро рӯи даст гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои сиёсӣ доир ба ин падидаи номатлуб, изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд”.
Ин нукта бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки мубориза бо коррупсия ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа дар авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дош-та, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Яке аз иқдомоти амаливу бунёдӣ дар ин самт, таъсиси ниҳоди махсус - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 13 сол қабл созмон дода шуд. Агентӣ дар тӯли фаъолияти худ ба як қатор дастовардҳо ноил гардида, феълан доираи ҳамкориҳои худро бо дигар мақомоти давлатӣ ва табақаҳои гуногуни ҷомеа тавсеа мебахшад, то дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии давлату Ҳукумат ба дастовардҳои бештар ноил гардад. 
 
А. Қ. НОСИРӢ, 
сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники адлия
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 1675
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед