Хабарҳо
ҲИСОР. БУНЁДКОРИҲО ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАГӢ
Дар доираи таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор бо иштироки Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ва Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳр, як қатор иншоот, ки бо саҳми соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ бунёд ёфтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Соҳибкори нафақахӯр ва маорифпарвар Шодибек Қурбонов дар деҳаи Лолагӣ бинои дуқабатаи иборат аз нуқтаи таъмир ва шустушӯи нақлиёт, нонпазхона ва осиёбро бо маблағи 550 000 сомонӣ бунёд намуда, мавриди истифода қарор дод. Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки доимо омӯзиши ду - се забони хориҷиро ба наврасон таъкид мекунанд, дар ошёнаи дуюми бино барои наврасони деҳа марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд.
Матлубахон Сатториён дар саҳни иншоот бо шахсони муътабари деҳа ва ҳамсоядеҳаҳо мулоқот намуда, аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат, аз кишвари аграрӣ ба саноатию аграрӣ табдил додани он ва дар меҳвари таваҷҷуҳу муҳаббати Сарвари давлат қарор доштани сокинону соҳибкорони ободкори шаҳри Ҳисор изҳори андеша намуд. Муовини Сарвазири кишвар иқдоми маърифатпарваронаи соҳибкор Шодибек Қурбоновро дар деҳот беҳтарин фазилати инсонӣ, ғамхорӣ ба насли наврас ва ояндаи миллат, мусоидат ба забондонию ҷаҳондонӣ маънидод намуда, кори хайру савоб унвон кард.
Соҳибкори дигари ҳамин деҳа Хурсандмурод Кенҷаев дар масофаи начандон дуртар аз ин иншоот бинои дуошёнаи иборат аз мағозаи хӯрокворӣ ва толори варзишро ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд намуд, ки дар пайи ин иқдом чанд сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Мағоза дорои толори кушоду барҳаво буда, бо яхдон ва таҷҳизоти дигар барои нигоҳдории ҳасибҳо, маҳсулоти ширӣ ва шарбату нӯшокиҳои ташнагишикан, мутобиқ ба талаботи санитарию стандартӣ, муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳамчунин, бо иштироки меҳмонон дар даромадгоҳи деҳа иншооти бунёднамудаи соҳибкор Абдувалӣ Юсуфов, ки ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар бунёди иншоот 150 ҳазор сомонӣ масраф гардида, он аз дуконҳои табақтарошӣ, гаҳвораю сандуқсозӣ, сехи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ барои бонувони маҳаллӣ, аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, шерозбофӣ, қуроқдӯзӣ, зочабофӣ ва ба ҳамин монанд ҳунарҳо, иборат мебошад. Соҳибкор устоҳои маҳаллӣ ва занони ҳунарманди деҳаро ба кор даъват карда, барои ҳунаромӯзии ҷавонон ва духтарони деҳаи Лолагӣ ва деҳаҳои атроф шароити мусоид фароҳам овардааст.
Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби соҳибкорони бо нангу номуси деҳа дар робита ба раванди бунёдкорию созандагӣ амалӣ гашта, ба он мусоидат намуд, ки ба ҳусни деҳа зебоии дигар бахшида, мардуми хонашину бекор бо ҷойи кор таъмин гарданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 187