Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Шӯрои амнияти СММ моҳи апрел ҷаласа оид ба вазъи Сурия, Яман ва, инчунин, мубоҳисаҳо доир ба низомдарории вазъи Шарқи Наздик мегузаронад, - гуфт раиси шӯро, намояндаи доимии Ветнам дар СММ Данг Дин Куи.
Мир24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мансбдоронро ҳушдор дод, ки барои кашол додани эмкунӣ аз вазифа озод хоҳад кард. Муддати ду моҳ дар ҷумҳурӣ камтар аз 0,1 дарсад эм шудааст. Дар ин бора Роҳбари давлат дар маҷлис оид ба ҳолати эпидемиологии коронавирус иттилоъ дод.
Мир24. Дар натиҷаи тирпарронӣ дар шаҳри Оринҷ (иёлати Калифорния), чор нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар осеб бардошт,- хабар медиҳад шабакаи телевизионии маҳаллии MSNBC. Чуноне ки зикр мегардад, ин ҳодиса дар маркази тиҷоратӣ ба амал омадаст.
Синхуа. Бар асари таркиш, дар вилояти Ҳироти Афғонистон ду корманди политсия ба шаҳодат расид. Дар ин бора ба агентии Синхуа намояндаи хадамоти тандурустии вилоят хабар дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 183