logo

фарҳанг

«СИҲОҲУ-Л-ФУРС» БА ТАБЪ РАСИД

Таҳияи китоби «Сиҳоҳу-л-фурс»-и Муҳаммад ибни Ҳиндшоҳи Нахҷувонӣ аз хати арабиасоси тоҷикӣ ба хати  кириллӣ ва нашри он, бешак, аз рухдоди арзишманди илмиву фарҳангӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин асари тозанашр ва дигар масъалаҳои атрофи он, бо таҳиягар Ғоиб Мирзоев, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илми филология, хабарнигори «Ҷумҳурият» ҳамсуҳбат гардид.
- Устоди муҳтарам, воқеан, нахустин таҳияи «Сиҳоҳу-л-фурс» коре осон нест, хосса дар ин синну соли Шумо, ки наздик ба 80 аст. Чӣ Шуморо водошт, ки ба ин иқдоми мураккаб рӯ биёред?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёмашон  (26 декабри соли 2019) таъкид намудаанд: «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардум низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем... ».
Албатта, ин гуна таъкидҳои Пешвои миллат на танҳо илҳомбахшанд, балки вазифадор месозанд, ки новобаста аз кадом синну сол масъулияти бештар эҳсос бигардад ва барои бештару беҳтар шиносондани миллати мутамаддину  фарҳангиамон дар дохилу хориҷи кишвар саҳми арзанда гирифта шавад.
Таҳия ва табъу нашри «Сиҳоҳу-л-фурс» - ин асари арзишманду мондагорро дар иҷрои ин дастури Сарвари давлат зарур мешумурдам.
- Бисёр хуб. Ин гуна як заруратро барои иҷрои дастури Президенти мамлакат, ки барои миллатсозиву давлатсозӣ ва ҳифзи онҳо лозим аст, эҳсос кардеду ба иқдоми мазкур рӯ овардед. Ба яқин, муаллифи луғат Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ низ дар асри худ, яъне асри 14 заруратеро барои таълифи китоби арзишманди худ эҳсос кардааст. Он кадом зарурат буд?
- Дар ин хусус, яъне сабаби таълифи китоб, муаллиф ҳақиқатро баён дошта ва онро шарҳу тавзеҳ низ додааст: «Аввал касе, ки ба тартиби луғати фурс машғул шуд ва онро ба китобат муқайяд гардонид, Ҳаким Қатрони Армавӣ буд. Аммо ӯ беш аз сесад луғат зикр накард ва баъд аз ӯ ҳакими фозили комил Абумансур Алӣ ибни Аҳмад ал- Асадӣ ат- Тӯсӣ, раҳматуллоҳи алайҳ, ба тартиб ва тасвиби он иштиғол намуд ва онро мудавван гардонид ва дар ин фан масоии ҷамила ба тақдим расонид ва бар он чи Ҳаким Қатрон ҷамъ оварда буд, луғати бисёр афзуд, чунонки ҷамъи ӯ ба ҷамъи Қатрон ҳеҷ нисбат надошт».
Ва баъдан менигорад: «Аммо ӯ (яъне, Асадии Тӯсӣ) риояти абвоб беш накард ва аз тақсими абвоб ба фусул, ки дар ин фан заруру-л-вуҷуд аст, зоҳил шуд, то ба риояти авсоти калимот чӣ расад? Бад- ин восита, луғати мукаррар воқеъ мешуд ва ихтилофи нусах боздид меомад ва ба сабаби он, ки тартибе ҷомеъ набуд, луғоти бисёр дармебоист ва матолиби зарурӣ муҳмал меомад ва дуогӯи давлат, ки хӯшачини хирмани афозил ва пайрави осори муосир ва фазоили эшон аст, чун ҳамагӣ ҳиммат ба тартиби ин китоб масруф гардонид, рӯзгор ба таҳияти асбоб мусоидат намекард».
Баъдҳо барои муаллиф ин гуна як шароит фароҳам меояд. Бо вуҷуди ин, тавре ки худ мефармояд, бе таҳаммули машаққат роҳат ба даст намеояд ва шаби ҳиҷрон ба саҳари васл мубаддал намегардад. Дар ин зимн байти зайлро барои тақвияти фикр ва иҷрои мақсуде, ки дорад, меорад:
Шабе хуш ҳар кӣ мехоҳад, ки бо ҷонон ба рӯз орад,
Басе шаб рӯз гардонад ба торикиву танҳоӣ.
- Мехоҳам, суҳбатро дар хусуси вижагии арзишҳои ин луғат идома бидиҳед.
- Дар ин асар бо номи «Зикри муқаддимае, ки тавзеҳи он бар тасҳеҳи луғот муқаддам аст» қисматеро бахшидааст. Тавре бармеояд, қоидаҳои луғатнигориро бо далелҳо равшан баён мекунад, ки ин барои дигар луғатнависон ба тариқи раҳнамо хидмат намудааст.
Миқдори калимаҳо ва бобу фаслҳо дар ин луғат зиёд мебошад. Ҳамин тавр, «Сиҳоҳу-л-фурс» аз 25 боб, 431 фасл ва 2300 луғат иборат мебошад. Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ ёдовар мешавад, ки «Ноқидони соҳиббасират, ки ба хулияи инсоф ва адолат мутаҳаллӣ бошанд, маълум кунанд, ки дар ин фан мисли ин китоб насохтаанд... агар касе ба назари эътироз ва  инкор нигарад, ба тааммули китобе, ки дар ин фан ҷамъ кардаанд, иштиғол намояд, то сидқи муддаои ин заиф ба таҳқиқ анҷомад».  Барои возеҳу фаҳмо шудани луғот ва шарҳи онҳо шеърҳои адибони баъдӣ, аз қабили Амир Муизӣ, Адиб Собир  Масъуди Саъди Салмон, Анварӣ, Заҳируддини Форёбӣ, Хоқонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Камолуддин Исмоил, Саъдии Шерозӣ, Фахруддини Ироқӣ ва дигаронро низ меорад. Яъне, ин асар маъхази муътамади абёти шуаро ҳам маҳсуб мешавад. Инчунин, муаллиф баъзе аз пораҳои шеъриеро, ки имрӯз ба шоирони маъруф нисбат додаанд, маҳсули эҷоди дигар кас медонад. Ба ҷуз ин ҳама, пораҳои шеъриеро, ки муаллиф дар луғаташ истифода намудааст, аз шаклҳои роиҷи имрӯзиашон бо андак тағйирот фарқ мекунанд. Ин барои пажӯҳиши дуруст ва барқарории матнҳои асил мусоидат карда метавонад. Ба василаи ин асар хонанда дармеёбад, ки муаллиф дар хонадони шоир ба воя расидааст. Байтҳои овардаи ӯ аз ашъори падараш бар ин гувоҳӣ медиҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки луғатнависони баъдӣ аз ин луғат фаровон истифода кардаанд. Дар он ба калимаҳое дучор омадан мумкин аст, ки имрӯз дар забони гуфтугӯӣ низ роиҷ мебошад ва дар луғатҳо ба ин маъниҳо роҳ наёфтаанд.
- Боз чӣ гуфтаниҳое дар мавриди луғати мазкур доред, ки ман аз он хусус суол накардам?
- Бояд бигӯям, ки доктор Абдулалӣ Тоатӣ бо он ки аз чандин нусхаҳои ин асар истифода намудааст, ба хондану барқарор кардани қисме аз матнҳо муваффақ нашудааст. Ӯ инро иқрор мекунад ва ниҳон намедорад. Дар ин ҳол ба ин гуна матнҳо ишораҳо гузоштааст. Баъзе аз ин ишораҳоро чун хонанда дучор биояд, бояд бидонад, ки он матнҳоро мо ҳазф, яъне ихтисор накардаем. Ин гуна ишораҳоро дар матнҳои шеърӣ низ дучор шудан мумкин аст. Истифодаи онҳоро зарур нашумурдем. Чаро? Чунки лакнату норасоӣ дар шеър барои хонандаи огоҳ маълум аст. Дар баъзе ҷойҳо, ки бисёр зарур менамуд, аломати «?» - ро истифода кардем. Албатта, тавре мегӯянд, «ман ба қадри тавони хеш кӯшидам» ва нахустин бор «Сиҳоҳу-л-фурс»-ро барои алоқамандон таҳия намудам. Дар иҷрои ин кор шояд хатоҳо роҳ ёфта бошанд. Умед аст, ки донандагони асил мунсифона андешаҳояшонро дар ин маврид изҳор медоранд ва барои нашрҳои минбаъда онҳоро ислоҳ хоҳем кард. Дар сарсухани китоб унвони ҷойи зисти муаллиф ба ин хотир нишон дода шудааст.
Китоб дар муддати кӯтоҳ таҳия гардид, агарчи нашри он андак ба дарозо кашид. Ман мехостам ҳарчи зудтар кореро, ки оғоз намуда будам, ба анҷом бирасонам ва нашри нахустини онро бубинам, то яқин бисозам, ки дар иҷрои рисолатам ҳеҷ гоҳ ғафлат наварзидаам ва медонам, умр бақо надорад. Аз одамӣ пас аз ӯ чунин фарзандони маънавӣ барои умре боқӣ мемонанд ва ин риштаро касе гусаста наметавонад.
 
Суҳбаторо Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2021    №: 68    Мутолиа карданд: 87
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед