Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Мир24.Теъдоди фавтидагон бар асари обхезӣ ва фуромадани ярч дар Индонезия ба 55 нафар расида, 40 каси дигар бедарак шуд, - хабар медиҳад агентии Xinhua. Инчунин, даҳҳо хона ва якчанд кӯпрук хароб гардиданд.
Анадолу. Қувваҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Қандаҳор ҳадди ақал 75 ҷангии ҳаракати «Толибон»-ро маҳв намуданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Афғонистон иттилоъ дод. Мувофиқи маълумоти хадамоти политсияи Қандаҳор, миёни ҳалокшудагон якчанд нафар қумандонҳои калидии гурӯҳи ҷиноятпеша низ мебошанд.
Сentral Asia (UZ). Ҳукумати ФР донишҷӯёни як қатор давлатҳоро барои идомаи таҳсил дар Россия иҷозат дод. Чуноне Вазорати маориф ва илми Россия иттилоъ медиҳад, донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантон, ординаторҳо аз Венесуэла, Олмон, Сурия,Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка метавонанд барои давом додани таълимашон ба Россия баргарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 116