logo

илм

ИЛМУ ДОНИШ. МАСЪУЛИЯТРО ТАНҲО БА ОМӮЗГОРОН ҲАВОЛА НАКУНЕМ!

Падару модар ҳангоми ба дунё омадани фарзанд мекӯшанд, то ӯ дуруст тарбия ёбаду соҳибмаърифат гардад. Ба ҳамин маънӣ, тарбияи тифл аз гаҳвора бо аллаи саршор аз меҳри модар оғоз меёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид намуданд: «Оила, мактаб ва ҷомеа бояд якҷо бо расонаҳои миллии иттилоотӣ неруву иқтидори кофии муқовимат дошта бошанд, то ин ки воридшавии ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегонаро пешгирӣ карда, нагузоранд ки онҳо дар ҷомеаи мо миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро заҳролуд намоянд».
Муҳити солими хонавода зинаи нахустини тарбия аст. Агар тифл дар ҳамин давра бо меҳр парвариш ёбад, минбаъд дар муҳити кӯчаю таълимгоҳ низ ин равишро тағйир намедиҳад ва дар зиндагӣ аз роҳи рост қадам мегузорад. Масъулияти падару модар низ ҳамин аст, яъне тарбияи фарзандро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накардан. Ҳамзамон, бо маслиҳату машварат ва дарки истеъдоду шавқи фарзанд, кумак расондан ба ӯ дар интихоби касб.
Хушбахтона, имрӯз тамоми шароит бароямон муҳайё аст. Пас моро мебояд шурӯъ аз оила дар замири фарзандон, муҳаббат ба миллату Ватанро ҷо намоем. Дар масъалаи тарбия масъулиятро танҳо ба уҳдаи омӯзгорон ҳавола накунем. Ин гуна муносибат аз ҷониби баъзе волидон маънии гурез аз масъулиятро дорад.
Аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон як силсила суҳбату мулоқот бо иштироки устодону  донишҷӯён дар ҳошияи ҳамин мавзӯъ баргузор гардид. Устодону шогирдон зимни муҳокима фикру андеша ва мулоҳизоти хешро иброз доштанд ва ҷонибдории хешро аз қабули қонуни ёдшуда ва саривақтӣ будани он изҳор намуданд.
Раванди имрӯзаи зиндагӣ ва таҳаввулоти олами муосир дар пасманзари ҷаҳонишавӣ моро водор месозад, ки дар низоми тарбия ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба наслҳои оянда расондани он тасмимоти ҷиддиро роҳандозӣ намоем. Дар ин замина, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур аз тадбирҳои калидиест, ки ба ташаккули шахсияти кӯдакон ва боло рафтани ҳисси ватандории ҷавонони мо мусоидат менамояд.
 
Зуҳро ҲОҶИЕВА, омӯзгори МТМУ № 62, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2021    №: 70    Мутолиа карданд: 256
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед