logo

ҳуқуқ

«ТАНЗИМ. БАҲСИ ҚОНУНШИКАНИИ ЯК МАНСАБДОР ДАР СУД»

 Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Лашкар Шарифзода зери сарлавҳаи «Танзим. Баҳси қонуншикании як мансабдор дар суд», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 5 январи соли 2021, № 2 (24 109) нашр шудааст, мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Муайян гардид, ки бо қарори судяи суди шаҳри Хуҷанд аз 27 августи соли 2020 ба Саидҷон Ваҳобзода, мудири шуъбаи молиявию хоҷагидории дастгоҳи раиси вилояти Суғд, бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) ҷазои ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (29000 сомонӣ) таъйин шудааст.
Дар ҳақиқат С. Ваҳобзода рӯзи 14 августи соли 2020 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, қитъаи 9, бархилофи талаботи банди 2 - и моддаи 10 - и қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, бо иштироки зиёда аз 30 нафар маъракаи сандуқбарон ва муборакбодиро, ки тибқи қонунгузорӣ гузарондани он манъ аст, баргузор намуда, муборакбодии меҳмононро қабул карда, сарулибоси арӯсро ба хонаи домодшаванда фиристодааст.
Бо қарори раёсати суди вилояти Суғд аз 10 декабри соли 2020 ҷазои ҷаримаи таъйиннамудаи суди марҳилаи якум ба андозаи то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5800 сомонӣ) кам карда шудааст, ки дар мақола ҳамин масъала мавриди нигаронӣ қарор гирифтааст. Вале, бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи қисми 2 - и моддаи 48 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми таъйини ҷазои маъмурӣ хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи шахси гунаҳкор, вазъи молумулкиаш, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешавад.
Мувофиқи талаботи қисми 5 моддаи номбурда ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои истисно, бо назардошти маълумот дар бораи шахси гунаҳкор, инчунин, вазъи молу мулкии ӯ, суд метавонад аз ҳадди ақалли қонун ҷазои маъмурии пасттарро таъйин намояд. Дар ҳамин асос раёсати суди вилояти Суғд шахсияти гунаҳгор С. Ваҳобзодаро, ки бори аввал ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ягона таъминкунандаи рӯзгори оилааш мебошад, аз ҷойи истиқоматиаш хислатномаи мусбӣ дорад, ҳамчун ҳолатҳои мустасноӣ эътироф карда, ҷазои таъйиннамудаи суди марҳилаи якумро то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5800 сомонӣ) кам кардааст, ки мухолифи қонун нест.
 
Ш. ЛУТФУЛЛОЗОДА, муовини якуми раиси Суди Олӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2021    №: 78    Мутолиа карданд: 2101
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед