logo

Хабарҳо

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ТАСС. Ҷонишини аввали роҳбари дастгоҳи Кумитаи зиддитеррористии миллии ФР Игор Кулягин иттилоъ дод, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар соли 2020-ум 44 амали террористиро пешгирӣ намуданд. 
Бино ба гуфтаи Кулягин, соли гузашта зиёда аз 50 ҷангҷӯ кушта шуда, бештар аз 800 ҷиноятпеша ва ҳамдастонашон дастгир, фаъолияти  71 гурӯҳи  террористӣ қатъ ва 156 махфигоҳ бо аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ нобуд гардид.
 
Котиби генералии СММ: «Ҷаҳон дар вартаи маҳвшавӣ қарор дорад»
Central Asia. Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар таърихи инсоният бар асари сӯхтори ҷангалҳо, хушксолӣ, обхезӣ ва обшавии яхҳо 2020-ум, дар қатори солҳои 2016-ум ва 2019-ум, ҳамчун гармтарин сол ба қайд гирифта шуд,- гуфта мешавад дар маърӯзаи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш. 
- Мо дар вартаи маҳвшавӣ қарор дорем. Дар натиҷаи гармиҳои шадиди глобалӣ ва сӯхтори ҷангалҳо, мо тӯфонҳои бесобиқаи тропикӣ, обшавии яхҳо ё пиряхҳоро мушоҳида менамоем, - гуфт Котиби генералии СММ ба агентии «Рейтер».
Дар гузориш гуфта мешавад, ки соли 2020 гармии миёнаи дараҷаи ҳаво дар олам нисбат ба дигар солҳо тақрибан 1, 2 дараҷа баландтар буд.
 
 
Меркел ҷонибдори муколама бо Россия мебошад
Известия. Канслери Олмон Ангела Меркел зимни суханронӣ дар Ассамблеяи  парламентии Шӯрои Аврупо изҳор намуд, ки сарфи назар аз мухолифатҳо,  бояд бо Россия пайваста дар муколама буд.
- Умуман, мо бо Росия мухолифатҳои зиёд дорем, ки, мутаассифона, муноси-батҳоямонро печидаву мураккаб мегардонанд. Аммо ман ҳамеша боисрор таъкид менамоям: мо бояд бо ҳам дар гуфтушуниду муколама бошем, - афзуд Ангела Меркел.
Ғайр аз ин, ӯ ишора кард, ки Олмон ният дорад тиҷоратро бо Россия, аз ҷумла дар самти энергетика, идома диҳад.
 
 
Даъвати Назарбоев  дар мубориза бо коронавирус
Мир 24. То ки бар муқобили пандемияи коронавирус муборизаи босамар дошта бошем, истеҳсолкунандагони ваксина ва ҳукуматҳои ҳамаи кишварҳо бояд аз рақобат даст кашанду ҳамкориҳоро тақвият бахшанд. Дар ин хусус Президенти аввалини Қазоқистон  Нурсултон Назарбоев дар маросими ифтитоҳи Форуми иқтисодии осиёии Боао (Чин) изҳор намуд.
Ба гуфтаи Назарбоев,  пандемияи коронавирус  барои сиёсатмадорони дунё ҳушдори ҷиддиест, то онҳо манфиатҳои умумибашариро эътироф намоянд. Зеро алҳол дар дунё ҳамгироиву  раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байналмилалӣ  суст гардиданд. 
- Набояд гузошт, ки олам ба умқи худбинию худпарастиҳо фурӯ равад,- афзуд Нурсултон Назарбоев. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 313
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед