logo

Хабарҳо

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун таҳти унвони  «Тарғиби ғояҳои асосии ватандорӣ ва ҳувиятхоҳии халқи тоҷик дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ҳамоиши илмӣ доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳо, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон ва Ғайбулло Авзалов, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз беҳтарин асарҳое мебошад, ки дар асоси зиндагиномаи ибратомӯзи фарзонафарзандони халқи тоҷик, ки ҳар кадом дар пешрафти фарҳангу тамаддуни миллӣ ва башарӣ саҳми босазо гузоштаанд, навишта шудааст. Ҳангоми мутолиаи китоб таърихи халқи тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷик пеши назараш ҷилвагар мешавад ва ифтихор аз миллати хеш мекунад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки омӯхтани чунин китобҳо аз қабили «Чеҳраҳои мондагор» ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, дар рушди зеҳнии ҳар як нафар мусоидат хоҳад кард. То шахс аз таърихи миллати хеш огоҳ набошад, наметавонад дар бораи пешрафти минбаъдаи давлати хеш корҳои сазовореро ба анҷом расонад.   
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Сардори давлат китоби «Тоҷикон» ба нашр расид ва ба ҳар оилаи шаҳри Роғун бо теъдоди 6848 нусха тақдим гашт.  
 
З. РАҶАБ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 320
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед