logo

Хабарҳо

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

Чанде пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба вазъи бозори дохилии асъор ҷаласа доир шуд, ки дар он роҳбарони аввали ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор гардиданд, ки илова бар маблағҳои мудохилаи навбатии Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳои худ талаботи муштариёнро бе ягон мамоният бо асъори хориҷӣ қонеъ намоянд.
 
Бонки миллии Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозори дохилии асъорро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, барои таъмин намудани суботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби асъори миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода бурда истодааст.
Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ бо асъори хориҷӣ, таъмин намудани субот дар бозори дохилии асъор мудохилаи (интервенсия) асъориро анҷом диҳад.
Тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз самти фаъолияташон, метавонанд дархостҳои худро ҷиҳати хариди асъори хориҷии (доллари ИМА) ғайринақдӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии хизматрасонашон пешниҳод намоянд.
Зикр шуд, ки ҳангоми пайдо гардидани арзу шикоятҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла дар самти харидуфурӯши асъори хориҷии нақд ё беасос нафурӯхтани асъори нақд ва ё бо қурби баланд аз қурби фурӯши муқарраргардида фурӯхтани асъор ва муносибати дағалонаи кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз  муштариён хоҳиш карда мешавад, ки оид ба корманди ташкилоти қарзии молиявӣ (бо нишон додани ному насаб ва вазифаи хизматии корманд), ки барои анҷом додани хизматрасонии бонкӣ монеа эҷод менамояд, ба телефонҳои боварии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон бо телефонҳои 44 600 -15 -10, 44 600 -31-03, 44 600 – 15-20 муроҷиат намоянд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 344
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед