logo

Хабарҳо

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Central Asia (СА). Дар Ҳиндустон теъдоди бесобиқаи мубталоёни  коронавирус ба қайд гирифта шуд. Чуноне иттилоъ дода мешавад,  шабонарӯзи гузашта 314 835 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Вазорати тандурустии Ҳиндустон изҳор намуд, ки аз оғози пандемияи коронавирус ин нишондоди баландтарин маҳсуб мешавад. Ҳамин тавр, шумораи маризон ба 16 миллион расида, фавтидагон бошад, 184 ҳазорро ташкил дод.
Дар зимн, бештар аз 132 миллион нафарро эм гузаронданд. Ҳукуматдорони кишвар барои воякӯбӣ се намуди ваксина – Covaxin (маҳаллӣ), Covieshield (навъи ҳиндии Astra Zenesa) ва «Спутник V»-ро иҷозат додаанд.
 
 
ТАШРИФИ ЛУКАШЕНКО БА РОССИЯ
Interfax. Ru. Дирӯз Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Россия омад. 
«Дар Москва дидор ва гуфтушуниди Сарвари давлати Беларус бо Президенти Россия дар назар аст. Роҳбарони ҳар ду кишвар  масъалаҳои мубрами муносибатҳои Беларусу Россия, аз ҷумла  ҳамкориҳои тиҷоратӣ –иқтисодие, ки дар вохӯриҳои қаблӣ ва гуфтугӯҳои телефонӣ ёдовар шуданд, баррасӣ менамоянд»,- омадааст дар хабари маркази матбуоти Президенти Россия.
Ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус ва иқдомҳои оянда оид ба барқарорсозии иртиботи  нақлиётӣ матраҳ хоҳанд шуд.
 
 
ДАР ЛАҲИСТОН ВА МЕКСИКА ВАКСИНАИ ТАҚАЛЛУБӢ ОШКОР ГАРДИД
Мир24. Дар Мексика ва Лаҳистон ваксинаҳои қалбакии ширкати Pfizer Biontech пайдо намуданд.
Тавре рӯзномаи Wall street Journal  шарҳ медиҳад, дар Лаҳистон ҳангоми ҷустуҷӯи шахси боздоштшуда ампулаи кислотаи гиалурониро дарёфт карданд. Бо эҳтимолияти зиёд шояд он маводи зидди ожангҳо бошад. Алҳол ӯро бо ҷурми қаллобӣ айбдор менамоянд. 
Дар Мексика бошад, ба ҷои ваксина одамонро бо оби муқаттар (дистиллированная вода) эм кардаанд. Барои як воя ҳазор доллар мегирифтанд ва тавре гуфта мешавад, аз он 80 нафар истифода бурдааст. 
 
 
ЧИН ВА ИМА. АВЛАВИЯТ БА ҲАМКОРӢ
Синхуа. - Сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ ва идеологӣ набояд садде барои мавҷудияти сулҳ миёни Чин ва ИМА гарданд,- изҳор дошт консули генералии ҶМЧ дар   Лос-Анҷелес Чжан Пин ва афзуд, ки ҳар ду кишвар метавонанд оид ба бисёр масъалаҳои мубрам ҳамкорӣ намоянд.
Таърихи муносибатҳои дуҷониба исбот менамояд, ки Чин ва ИМА аз ҳамкорӣ бо ҳам суд мабардоранд, аммо аз мухолифат бошад, зарар мебинанд. Бинобар ин, ҳамкорӣ ягона интихоби дуруст маҳсуб мешавад.
Дипломати чинӣ, инчунин, муҳимияти муколама ва ҳамкориро байни ду давлат зикр намуда,  зимнан, авлавияти густариши муносиботро дар мубориза бо пандемияи коронавирус,  муқовимат бар зидди   тағйирёбии иқлим ва дар якҷоягӣ барқарор сохтани иқтисодиёти ҷаҳон таъкид сохт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 361
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед