logo

Хабарҳо

БМТ: 270 КОРМАНДИ НИЗОМИ БОНКӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИД

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани дониши тахассусии кормандони низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Ассотсиатсияи байналмилалии комплаенс (ICA), якчанд лоиҳаи муҳим, аз ҷумла семинарҳои омӯзишии фосилавиро роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷа теъдоди муайяни мутахассисон соҳиби шаҳодатномаи ҳирфаӣ шуданд.
 
Дар доираи ҳамкориҳои мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова, муовини директори Департаменти БАТР оид ба кор бо институтҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии комплаенс (маҷмӯи комплексҳо) ҷаноби Билл Ховарт ва намояндагони ташкилотҳои қарзии мамлакат ҷамъомад баргузор гардид. 
Ҳоким Холиқзода ба намояндагони БАТР барои дастгирии пайвастаи бахши молиявии кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ, арзи сипос намуда, гуфт: "Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дастгирии бахши молиявии ҷумҳурӣ якчанд лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуд, ки ташкил ва гузарондани семинарҳои омӯзишӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд".
Зикр шуд, ки ҷамъомад яке аз қисмҳои барномаи “Дастгирии маблағгузории савдо” буда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони бахши молиявӣ ҷиҳати хизматрасонии босифат ба мизоҷони бахши иқтисоди хориҷии Тоҷикистон равона гашта, имкон фароҳам овард, ки 700 намояндаи бахши молиявӣ ба омӯзиш ҷалб гардид ва 270 нафари онҳо соҳиби шаҳодатномаи Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) шуд. 
- Дар баробари барномаи дастгирии маблағгузории савдо, БАТР дар ҳамбастагӣ бо  Ассотсиатсияи байналмилалии комплаенс бо мақсади тақвияти фаъолияти низоми идораи хавфҳо ва комплаенс ба мутахассисони бахши молиявӣ идрорпулӣ (стипендия) муқаррар намуд, ки 23 нафар намояндаи 12 ташкилоти қарзии мамлакат шаҳодатномаи Ассотсиатсияи байналмилалии комплаенс оид ба мубориза бар зидди шустушӯи пул дар бахши савдо, “Муштарии худро бидон” ва “Санҷиши зарурии мизоҷ” супурда шуд, - иброз дошт Ҳоким Холиқзода.
Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷалби мутахассисон ба барномаи таълимӣ миннатдорӣ баён намуда, зикр кард, ки минбаъд низ ҳамкории самарабахшро дар самти мазкур идома хоҳанд дод. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 253
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед