logo

Хабарҳо

ҲАМОИШ ДАР МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон таҳти унвони “Дурнамои фаъолият ва ҳамкориҳои Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон” суҳбати гирди миз баргузор гардид. 
Дар он муовини Котиби генералии СҲШ, шарикони марказ, аз ҷумла Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ, Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон, Платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network, намояндагони сафоратҳои давлатҳои узви СҲШ ва мутахассисони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки тибқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар созмон аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон гузашт, ки он ба санаи таърихӣ –  20 - солагии таъсисёбии СҲШ рост меояд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи созмон буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Дар мувофиқа бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии давлатӣ Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳои фаъолияти СҲШ таъсис гардид. Маркази мазкур ташкилоти навбунёд буда, имрӯз дар марҳилаи ташаккулёбӣ ва рушд қарор дорад. 
Зикр гашт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ва расидан ба мақсадҳои дар назди худ гузошта, марказ дурнамои рушд ва фаъолияти панҷсоларо таҳия менамояд. Мутобиқи он, марказ чорабиниҳоро дар самти рушди дипломатияи мардумӣ, маориф, илм, фарҳанг ва ташвиқу тарғиби фаъолияти СҲШ ба нақша гирифтааст. 
Дар чорабинӣ масъалаҳо марбут ба самтҳои фаъолияти марказ, ҳамкориҳои марказ бо шарикон, васеъ намудани доираи шарикон, таҳияи лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуданд. 
Ахиран, миёни Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки он заминаи устувори ҳамкориҳои минбаъдаи ҷонибҳо хоҳад шуд.
 
Раҳматулло КАРИМОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 271
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед