logo

Хабарҳо

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бо иштироки васеи рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи тиб мизи гирд оид ба «Баргузории ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» доир гардид. Дар он сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский ва муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон хонум Зайнаб Алазавӣ,  иштирок намуданд.
- Ташкил ва гузарондани ин чорабинии муҳим дар навбати аввал баланд бардоштани сатҳи маърифату дониши аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия, ки ягона воситаи пешгирӣ ва муҳофизати кӯдакон аз 11 намуд бемории сироятӣ, аз ҷумла сил, гулузиндонак, сурхча, баногӯшак, гулафшон, кузоз, фалаҷ, гепатити В, сирояти ротавирусӣ, кабудсулфа ва сирояти гемофилии шакли b мебошад. Иммунизатсия аз ҷумлаи амалиётҳоест, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аҳамияти бузург дошта, дар пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ нақши муассир дорад,  - иброз дошт  Наврӯз Ҷаъфаров. 
Ӯ дар ин ҳамоиш аз ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар  ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва дигар шарикони рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши ҳамкориҳои тарафайнро дар коҳишу маҳви бемориҳои сироятӣ бо роҳандозии чунин чорабиниҳо саривақтӣ ва ба нафъи кор шумурд.
Дар ҳамин ҳол намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Виктор Олшавский иброз дошт, ки ҳадафи ташкил ва баргузории ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ташаббусест, ки, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ ва ягона воситаи бехатару таъсирбахши пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. 
Ба таъкиди намояндаи ин созмон, ҳоло ҳам эҳтимолияти хатари хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар сартосари ҷаҳон пурра аз байн нарафтааст. Бинобар ин, бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯза ва талаботи ҷаҳонӣ, хавфу хатари бемориҳои сироятӣ бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро ба дарки аҳамияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятӣ водор намуд, ки дар ин маврид беаҳамиятиро пеша накарда, дар ҳифзу пойдории ҷомеаи солим ҳиссагузор бошанд.
Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, ҳар сол дар ҷаҳон ҳафтаи аврупоии иммунизатсия зери унвонҳои мухталиф доир мегардид. Вале имсол ин чорабинии  муҳим бо шиори «Ваксинаҳо моро бо ҳам наздик мекунанд» ба хотири қадрдонии қаҳрамонҳое, ки ба ҳар восита дар иммунизатсиякунонии ҷомеа саҳм доштанд, роҳандозӣ мегардад. 
- Бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ имсол даври 16 – уми ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 апрел то 2 майи соли ҷорӣ гузаронда мешавад. Иммунизатсия алайҳи бемориҳои сироятӣ ихтиёрӣ ва ройгон буда, аз рӯи тақвим барои кӯдакони дар муддати 24 соати баъди таваллуд то 16 – солагӣ ва баъди он ҳар даҳсола дар марҳилаҳои муайян пешбинӣ гардидааст, - гуфт мавсуф. 
                                                           
Муҳаммад САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 362
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед