logo

Хабарҳо

Байден бо Путин вомехӯрад?

РБК. Президенти ИМА Ҷо Байден умедвор аст, ки моҳи июн дар Аврупо бо ҳамтои худ Владимир Путин вомехӯрад. Дар ин бора ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Қасри сафед изҳор намуд. 
Нимаи аввали моҳи июн аввалин сафари хориҷии Ҷо Байден ба симати Сарвари давлат ба Аврупо дар назар аст. Аввал ӯ ба Британияи Кабир ва сипас ба Белгия меояд. Сарвари Департаменти давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки агар вохӯрии Байден бо Путин баргузор шавад, манфиатовар хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл котиби матбуоти Президенти ФР Дмитрий Песков дар бораи пешниҳоди амрикоиҳо ҷиҳати баргузоршавии вохӯрии сарварони ИМА ва Россия дар яке аз мамлакатҳои Аврупо хабар дода буд.  
 
 
Дар Тошкент карантини 14-рӯза ҷорӣ гардид
Сентрал Азия. Дар Тошкент бо сабаби ошкор гардидани ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус карантини 14-рӯза ҷорӣ гардида, 35 муассисаи олии таълимӣ дарҳояшонро бастанд. Дар ин бора намояндаи идораи шаҳрии Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии беҳбудӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ Нодира Султонмуродова хабар додааст.
Бино ба гуфтаи ӯ ба муддати 14 рӯз, ҳамчунин, 15 муассисаи миёнаи махсуси таълимӣ, 132 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 22 муассисаи таълимии томактабӣ, се муассисаи профилактикӣ-муолиҷавӣ  ва ду объекти хизматрасонӣ баста шуд. 
Мутахассис зикр кард, ки ҳамарӯза дар Тошкент то 8 ҳазор тести лабораторӣ махсус барои COVID-19 гузаронда мешавад ва дар 2,5 - 3,5 дарсади онҳо ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор мегардад.
 
 
СҶТ: «Барои эм кардани аҳолии калонсоли дунё то 45 миллиард доллар зарур аст»
LENTA.RU Бино ба гуфти директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус,   соли  2022 барои эм кардани аҳолии калонсоли дунё бояд аз 35 то 45 миллиард доллари ИМА ҷудо кард. 
Ӯ таъкид сохт, ки ин маблағ бар иловаи 19 миллиард долларе, ки  дар доираи барномаи байналмилалии ACT Accelerator  ҷиҳати мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 равона шуда буд, зарур аст.
Ба ақидаи роҳбари СҶТ, мушкили маблағгузории барномаҳои эмгузаронӣ ва мубориза бар зидди пандемияи коронавирусро танҳо сарварони кишварҳои ҳафтгонаи бузург (G7) ҳал карда метавонанд.
 
 
Дар кӯчаҳои Ҳиндустон шаҳрчаҳои хаймагӣ месозанд
Мир24. Шабонарӯзи ахир  дар Ҳиндустон 350 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ошкор гардид. То ба ҳол дар кишвар бештар аз 20 миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор шудааст. 
Беморхонаҳои маҳаллӣ кайҳо боз аз уҳдаи кор намебароянд: кати хоб, лавозимоти тиббӣ ва оксиген намерасад. Ихтиёриён шаҳрчаҳои хаймагӣ сохта, барои касоне, ки дар госпиталҳо ҷой нарасидааст, ёрӣ мерасонанд. Дар кӯчаҳо беморонро ба оксиген таъмин месозанд. Тахминан, ҳар 20 дақиқа бемори нав ба ин ҷо муроҷиат менамояд.
- Ҳеҷ кас набояд аз нарасидани оксиген бифавтад! Имрӯзҳо ин ягона чизест, ки бар миллионҳо нафар лозим аст. Агар беморон ба оксиген дастрасӣ ёбанд, онҳо мезиянд. Маҳз ба ҳамин мо хизматрасониро дар ин ҷо комилан ройгон кардем, - гуфт  яке аз волонтёрон Гурприт Сингҳ Рамии.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 388
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед