logo

Хабарҳо

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

Ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” дар МТМУ № 51, деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич, ду синфхонаи иловагӣ ба истифода дод. 
Маросими ифтитоҳ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, ТҶ “Садоқат”, Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону сокинон баргузор гардид.  
Барои татбиқи лоиҳа якчанд ташкилоти донориву хайриявӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Пешрафт”, Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ва шахсони алоҳида саҳм гирифтанд.
- Рушди соҳаи маориф, дастрасии таҳсилоти босифат ва шароити мусоид барои кӯдакон, ки ояндаи Тоҷикистонанд, хеле муҳим аст. Ҳадафи сафорат низ ҳарчи бештар дастгирӣ кардани чунин лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус, дар соҳаи маориф мебошад, - зикр намуд Андреас Протманн, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Директори иҷроияи ТҶ “Садоқат” Нигора Негматуллаева хушҳолии худро аз анҷоми лоиҳаи мазкур изҳор дошт: “Миллат фардо аз кӯдакону наврасон таркиб меёбад. Нахуст шароити таҳсил ва зиндагии онҳоро беҳтар кардан, вазифаи аслии мост. Шодем, ки МТМУ № 51, ки солҳо қабл ба тариқи ҳашар бунёд ёфтааст, имрӯз соҳиби ду синфхонаи иловагӣ бо таҷҳизоти муосир гардид”. 
- Солҳои охир ба ҷойҳои нишасти иловагӣ ниёзи шадид доштем. Бо дарки ин муаммо, бо ёрии мардум бунёди синфхонаҳои иловагиро оғоз кардем, аммо бо сабаби бемории COVID-19 ба охир расондани сохтмон даст надод. Мо – омӯзгорону шогирдон ба масъулони ташкилоти “Садоқат” барои дасти мадад расонданашон сипос мегӯем, - изҳор дошт директори МТМУ № 51 Барно Ҷӯраева.
 
Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 455
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед