logo

Хабарҳо

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

19 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки Котиби генералии  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор мешавад. 
Тавре интизор меравад, пеш аз оғози ҷаласа вазирони корҳои хориҷиро раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳанд пазируфт.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви созмон баррасӣ мекунанд.
Пешбинӣ мегардад, ки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои СААД бо созмонҳои байналмилалӣ, тамдиди СТС – 3 (СНВ – 3) ва 75-умин солгарди Ҳукми трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар Нюрнберг як қатор  изҳороти муҳими сиёсӣ қабул хоҳад кард.
Инчунин, вазъияти Афғонистон, Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 – нимаи аввали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии имзои Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД баррасӣ хоҳанд шуд.
 
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН.  ҲАМОИШИ ДОИРАҲОИ ТИҶОРАТӢ ВА СОҲИБКОРӢ
Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон доир шуд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода  ва мудири кулли ҶС «Qaztrade»-и Қазоқистон Азамат Аскарулӣ доир ба ҳамкории иқтисодию  тиҷоратии кишварҳо  сухан карда, густаришу тақвияти онҳоро самараи неки равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон дар партави  иродаи сиёсии сарварони ҳар ду давлат арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки соли гузашта муомилоти мол байни мамлакатҳо беш аз 900 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Тоҷикистон ба Қазоқистон, асосан, маъданҳо ва консентратҳо, сабзавоту мева  ва хушкмева содирот намуда, аз Қазоқистон маҳсулоти нафтӣ, металлҳои сиёҳ, ғалла, орд ва равғани рустанӣ ворид менамояд. Инчунин, бо ҷалби сармояи Қазоқистон дар кишвар 100 корхона фаъолият дорад.
Зикр гашт, ки ҳоло байни ду давлат имконияти истифоданашуда дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат зиёд буда, баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда замина фароҳам меорад.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон меморандуми ҳамкорӣ байни корхонаю ширкатҳо ба имзо мерасад.
 
 
ВОХӮРИИ МУЗАФФАР ҲУСЕЙНЗОДА БО АШИТА МИТТАЛ
Дирӯз муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Митталро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои гуногуни UNODC дар самти пешгирӣ ва мубориза бо маводи мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 581
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед