logo

Хабарҳо

ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

Дирӯз  вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макейро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карда, роҷеъ ба масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба ҳамкории кишварҳо дар самти тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ҳамзамон, вазирон пӯёии мусбати гардиши тиҷорати байни ду кишварро таъкид сохта, оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро, ки 5 – 7 апрели соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуда буд, андешаҳояшонро баён доштанд.
Бо назардошти бузургдошти 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар соли 2021, вазирон ба мувофиқа расиданд, ки ба рӯйдоди мазкур омодагӣ бинанд ва онро бо чорабиниҳои зиёд ғанӣ кунанд.
Дар охир нақшаи машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2021 – 2022 ба имзо расид.
 
 
 
НАҚШАИ «ШАҲРИ САБЗ» АМАЛӢ МЕГАРДАД
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»  таҳти унвони «Нақшаи амалинамоии «Шаҳри сабз» барои шаҳри Душанбе»  семинар баргузор шуд. 
Муовини якуми раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода зимни ифтитоҳи ҷамъомад  зикр намуд, ки  бо дастуру ҳидоятҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар сол ба сол  ободу зебо ва сабзу хуррам  мегардад. 
Пас аз иқдоми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахт, Душанбе ба феҳрасти шаҳрҳои сердарахт ва сабзу хуррами ҷаҳон ва аз лиҳози экологӣ тозаи Осиё шомил гардид.  
Дар семинар Амирхон Қурбонзода аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  барои саҳми арзанда дар  пешрафту шукуфоии пойтахти кишвар ба масъулин ва сокинони он изҳори миннатдорӣ намуд.
 
 
 
НАҚЛИЁТ.  ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МУШТАРАК МИЁНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СҲШ 
Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021, бо ташаббуси Вазорати нақлиёт дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштарак вобаста ба татбиқи Созишнома байни кишварҳои аъзои СҲШ оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ доир шуд.
Зимни он иҷрои қарорҳои протоколи ҷаласаи дуюм, масъалаҳои марбут ба татбиқи созишнома, ҳолат ва омодагии хатсайрҳои автомобилии байналмилалӣ, ки номгӯи онҳо бо замимаи № 1-и созишнома тасдиқ гардидааст, реҷаи кории нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар онҳо баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, намояндагони кишварҳои аъзои созмон барои ҷорӣ намудани истифодаи варақаи рухсатномаҳои шакли ягона дар ҳудуди кишварҳои аъзо, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди долонҳои нақлиётии мавҷуда ва кушодани долонҳои байналмилалии нав, содагардонӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла дастрас намудани раводид барои ронандагон, коҳиш додани андозаи пардохт барои раводид ба мувофиқа расида, санади дахлдор  ба имзо расид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 582
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед