logo

Хабарҳо

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

Дирӯз таҳти раёсати вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин  ҷаласаи  Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид. Дар он вазирони корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, Беларус Владимир Макей, Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ, Арманистон Ара Айвазян, Қирғизистон Руслан Казакбаев ва Котиби генералии СААД Станислав Зас ширкат доштанд.
Зимни ҷаласа ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилаливу минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда аз декабри соли 2020 дар асоси оинномаи созмон рӯзномаи ҷории СААД-ро, ки ба рушди баъдии низоми амнияти дастҷамъӣ ва суботи минтақавӣ равона шудааст, пайгирона амалӣ менамояд.
Вазирон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла доир ба 75-умин солгарди ҳукми Трибунали байналмилалии ҳарбӣ дар Нюрнберг, дар бораи тамдиди Паймон байни Федератсияи Россия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи чораҳои кам ва маҳдуд кардани силоҳи стратегии таҳоҷумӣ (СНВ – 3) ва оид ба ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ чанд изҳорот қабул карданд.
Вобаста ба хуруҷи қарибулвуқӯи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон, вазирони корҳои хориҷӣ ба вазъи ин кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Изҳор гардид, ки вазъи Афғонистон ба минтақаи амнияти дастҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ таъсири мустақим дорад ва дар ин робита роҷеъ ба аҳамияти таҳкими марзҳои ҷанубии СААД ҳамраъйӣ баён доштанд. Дар ин росто, зарурати ҳамоҳангсозӣ ва қабули лоиҳаи Барномаи байнидавлатӣ оид ба таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узви созмон ва бо дастгирии коршиносони котиботи СААД таҳия шудааст, таъкид рафт.
Ҳангоми ҷаласа дигар масъалаҳои мубрам низ мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд.
Дар ин бора ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 557
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед