logo

Хабарҳо

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

Чанде пеш маҷмӯаи тарҷумаи шеърҳои корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Бузургмеҳри Баҳодур бо номи «Марҳабо ёрғулик»  («Марҳабо рӯшноӣ») ба забони ӯзбекӣ интишор ёфт. Китоби дар арафаи баргузории ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе нашршуда  армуғони хубест дар таҳкими дӯстии байни халқҳои тоҷику ӯзбек.
Китоб, ки аз ҷониби узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири ӯзбекзабон Сайфулло Қулаев тарҷума шудааст, аз шеърҳои ба васфи Ватан, модар, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бахшидаи муаллиф фароҳам омадааст. 
Тарҷумон Сайфулло Қулаев китобро чунин муаррифӣ кард: «Бузургмеҳр аз ҷумлаи шоиронест, ки воқеиятро шоирона дарк мекунад. Шеърҳои ӯро бо мароқ тарҷума кардаам. Маҳз истеъдоди дурахшони ӯ буд, ки ҳанӯз соли 2017 даҳ шеърашро тарҷума ва ба китоби «Тенгдоштлар» («Ҳамсолон»)  ҷой дода будам. Бо гузашти солҳо таҷрибаи Бузургмеҳр зиёд шуд ва маҳсули эҷодаш имрӯзҳо пухтатар гаштааст». 
Муҳаррири масъули китоб, корманди рӯзномаи «Халқ овози» Эркин Шукур низ ба тарҷумаи шеърҳо ва маҳорати тасвиркории шоир баҳои хуб дода, изҳор дошт: «Сайфулло Қулаев эҷодкори гавҳаршинос аст. Ӯ бо диди хос ва таҷрибаи зиёд дарёфтааст, ки Бузургмеҳр шоири рангинхаёл ва андешапарвар мебошад. Зикр бояд кунем, ки пеш аз нашри «Марҳабо ёруғлик» дар рӯзномаи «Халқ овози» ду маротиба шеърҳои муаллифро нашр ва ба хонандагони ӯзбекзабони кишварамон муаррифӣ карда будем».
Зимнан, чанде пеш намунаҳои эҷоди ҳамкори моро ҳакамони озмуни ҷумҳуривии «Беҳтарин шеър», ки маҳфили «Ганҷи сухан» якҷо бо ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 110 – солагии Мирзо Турсунзода гузаронд, сазовори дипломи дараҷаи аввал донистанд. 
Бузургмеҳри Баҳодур сармутахассиси рӯзномаи «Ҷумҳурият» буда, аз соли 2017 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. То имрӯз  ду маҷмӯаи шеърҳояш интишор ёфта, баъзе аз намунаҳои ашъораш бо забонҳои англисиву русӣ низ тарҷумаву нашр гардидаанд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 282
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед