logo

Хабарҳо

ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор, аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ки ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор шинос гардиданд.
Нахуст, муовини Сарвазир ва раиси шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ аз корҳои таъмиру таҷдид ва бунёди биноҳои иловагӣ дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ, ки барои бештар ба истироҳату табобат фаро гирифтани сокинон ва меҳмонону сайёҳон пешбинӣ шудааст, боздид намуда, бо сохтмончиён ва кормандони масъули осоишгоҳ мулоқот намуданд. Иттилоъ доданд, ки корҳои бунёдӣ бо ҷалби коргарону мутахассисон тақвият ёфта, дар  муҳлати наздик фароғатгоҳ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Ҳамчунин, бо дастгирии роҳбарияти осоишгоҳ барои хонандагони синфҳои ибтидоии деҳаи Дарозӣ бинои нави таълимӣ бунёд гардида, муассиса дар оянда ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ табдил меёбад.
Матлубахон Сатториён ва Шарифҷон Ҷумъазода дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон бо рафти сохтмони бинои сеошёнаи маркази савдо ва хизматрасонӣ ва дар деҳаи Ситораи Ҷамоати деҳоти Навобод бо корхонаи парандапарварӣ, ки тибқи лоиҳа дар ду ошёна, навбати аввал барои 20 ҳазор ва оянда барои 100 ҳазор паранда пешбинӣ шудааст, шинос гардиданд. Баъди ба истифода додани корхона 70 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳад гашт. 
Зимни боздид аз иншооти маркази муоинаи техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо бинои шуъбаи бақайдгирию имтиҳонии ҶСП «Рушди роҳнавард», бинои истиқоматии баландошёна дар кӯчаи Абдурауф Юсуфов ва меҳмонхонаи панҷошёна дар кӯчаи Уроқ Аловиддинов муовини Сарвазир иброз дошт, ки дар ҳар сафараш ба шаҳри Ҳисор шоҳиди пешрафту навгониҳои зиёд мегардад, ки ин ҳама аз дастгирӣ ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, дӯстию рафоқат, маърифати баланди ватандорӣ ва муттаҳидию ҳимматбаландии сокинон ва соҳибкорони ватандӯсти шаҳр гувоҳӣ медиҳад.
Инчунин, М. Сатториён ва Ш. Ҷумъазода дар деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Дурбат аз корхонаи истеҳсоли орд, ки иқтидори лоиҳавиаш беш аз 25 тонна буда, дар он 30 нафар бо кор таъмин мегарданд, дидан намуданд. Дар маҳаллаи Карим Девонаи Ҷамоати шаҳраки Шарора ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли коғаз пешбинӣ гардидааст. Дар хатҳои он дастгоҳҳо аз кишварҳои пешрафта дастрас ва насб гардида, истеҳсоли қуттиҳо, халтаву бордонҳо ва зарфҳои коғазии истифодаашон яккарата, наздики сад намуд, бо шаклу ҳаҷми гуногун роҳандозӣ гардидааст. Дар корхона беш аз 40 нафар ба кори доимӣ таъмин мешавад, ки аксарият занҳои маҳаллӣ мебошанд. 
Муовини Сарвазир, дар ҷараёни сафари корӣ, инчунин дар деҳаи Бағалаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии кӯчаҳо шинос шуд.             
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
БАДАХШОН.  Боз як мушкили сокинон ҳал шуд
Дар шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи муассиса муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» Азиз Одиназода ширкат намуда, ифтитоҳи чунин иншоотро дар вилоят боз як иқдоми неки Ҳукумати кишвар дар баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилоят ва ба манфиати кори табибон арзёбӣ карданд. 
Дар ин бора аз мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар дода, зимнан изҳор доштанд, то ин вақт дар вилоят барои ташхиси хун чунин муассисаи бисёрҷабҳа вуҷуд надошт. Бинобар ин маризон аз шаҳру деҳоти вилоят бештар ба худи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илми хун” дар шаҳри Душанбе муроҷиат мекарданд.
Бинои маркази илмиии мазкур дорои 15 утоқи барҳавои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ барои нигоҳдории хун, се ташхисгоҳ, ҳуҷраҳои табибон ва шуъбаҳои ташкилӣ ва муоинаи донорон, шуъбаи коркарди хун ва ҷузъҳои он, интиқоли захираҳои ҷузъҳои хун мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳои марказ бо мебел, таҷҳизоти зарурӣ ва дигар шароити корӣ таъминанд. Айни ҳол дар филиали муассисаи давлатии мазкур 20 нафар корманди соҳаи тандурустӣ  ба фаъолият оғоз намудаанд. 
Ғолиб Ниятбеков, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси  ВМКБ,  иттилоъ дод, ки барои таъмиру таҷдиди бинои марказ 578 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ихтисос дода шуда, бо маблағи беш аз 700 ҳазор сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти корӣ барои ҳуҷраҳои корӣ харидорӣ шудааст. Марказ ба низоми ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ пайваст буда, фаъолияти кормандон аз пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе назорат мешавад.
Азиз Одиназода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”, зикр кард, ки мутахассисони филиал дар ду давр дар пойгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Душанбе ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд ва бовар аст, ки онҳо аз уҳдаи вазифаҳои худ сарбаландона мебароянд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ ба он мусоидат мекунад, ки минбаъд кормандони соҳаи тиб метавонанд ҷарроҳиҳои вазнинро дар худи вилоят анҷом диҳанд. Филиал метавонад, ниёзмандонро бо миқдори муайяни хун сари вақт ва бе саргардонӣ таъмин намояд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”
 
 
НУРОБОД. 500 гектар замин шодоб мешавад, агар...
Пойгоҳи обкашии “50 - солагии Тоҷикистон” дар ноҳияи Нуробод ягона иншооти обрасоние мебошад, ки дар ҳолати аз таъмири асосӣ бароварданаш метавонад дар мавсим беш аз 500 гектар замини кишоварзиро дар Ҷамоати деҳоти Хумдон шодоб гардонад. Аммо ҳамасола сарбанди асосӣ ва қисмати километри 10 ва 14-и он бо тағйир ёфтани маҷрои дарёи Сурхоб ва фаромадани сел корношоям мегардад ва кишоварзон бо сабаби норасоии об наметавонанд ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.
Масофаи канали мазкур 18 километрро ташкил дода, соли 1978 бунёд шудааст. Он аз 14 агрегат иборат буда, дар ҳолати ҳамасола тоза намудану таъмири ҷорӣ карданаш 350 гектарро бо оби полизӣ таъмин мекунад.
Гуфта мешавад, ки деҳқонони ноҳияи Нуробод дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади зиёд намудани майдони кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз заминҳои дар ихтиёрашонбуда самаранок истифода карда, картошкаву ғалла ва дигар зироатҳои заруриро кишт мекунанд. Аммо пурра таъмин набудани оби полизӣ дар мавсим ба афзоиши маҳсулот то андозае таъсири худро низ мерасонад, зеро аз 4 агрегати мавҷудаи пойгоҳи обкашӣ ба гуфтаи кормандонаш 1 адади он кор мекунаду халос.
Дар мавзеи Сариқоши Ҷамоати деҳоти  Хумдон солҳо боз мардуми деҳот ба картошкакорӣ аҳамияти махсус медиҳанд, зеро даромаднокӣ дар қиёс ба дигар зироатҳо аз ин намуди зироат бештар мебошад. Заминҳои дашту ҳамвори ин мавзеъ низ обро бештар талаб мекунанд, то ҳосили фаровон диҳанд.
Аҳли заҳмати ноҳия ба хотири рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебаранд, аммо масъулони соҳаи беҳдошти заминро зарур аст, ки дар ҷодаи таъмини заминҳои киштбоб бо оби полизӣ саҳлангорӣ накунанд, зеро заҳмати кишоварзони ноҳия барҳадар наравад.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 192
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед