logo

ҳуқуқ

ВМКБ. ҚОНУНИ ТАНЗИМ ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро барҳақ санади мардумӣ ном мебаранд. Зеро ин қонун, агар аз як тараф аз боби аввал то охир манфиати мардумро ҳимоя карда бошад, аз ҷониби дигар бо роҳи пурсиши раъйи мардум, таклифу пешниҳоди оммаи васеи халқ қабул гардидааст. Дар кишвари мо баъд аз қабули ин санад дар танзими расму оин пешравиҳои назаррас рӯи кор омаданд. 
Ҷараёни иҷрои қонуни мазкур дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар кадом сатҳ қарор дорад? Дар ин бора Ғуломнабӣ Собиров, мудири шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чунин ибрози назар кард: 
Дар воқеъ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи он санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии кишвар мебошад, иҷрои он ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Кормандони шуъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру навоҳии ВМКБ ҷиҳати татбиқи қонуни мазкур пайваста бо аҳолӣ дидору вохӯрӣ намуда, корҳои тарғиботӣ анҷом медиҳанд. 
Танҳо соли равон дар вилоят 207 хатнасури хайриявӣ, 180 тӯйи домодию арӯсӣ, 7 тӯйи арӯсиву домодии хайриявӣ гузаронда шуда, ба ин мақсад 66 сар чорвои калон ва 141 сар моли майда забҳ гардид. Дар маҷмӯъ, дар ин давра хароҷоти умумии гузарондани маъракаҳо 631 ҳазору 230 сомониро ташкил дод, ки ин дар таносуб бо солҳои пеш хеле кам мебошад. Бо мақсади пешгирӣ аз хароҷоти барзиёд дар тӯю маъракаҳо пайваста дар маҳалҳо рейдҳо гузаронда мешаванд. Дар ин муддат дар вилоят 6 қонуншиканӣ сабт шуда, дар ин робита парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва барои чораҷӯӣ ба суд ирсол шуд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қонун ба вазъи молиявии сокинони вилоят таъсири мусбат расонда, ба афзоиши пасандози онҳо дар бонкҳо мусоидат намуд. Ба буҳрони шадиди молиявӣ - иқтисодии ҷаҳон дар пайи пандемияи COVID - 19 нигоҳ накарда, айни ҳол дар бонкҳои вилоят 289 миллиону 514 ҳазор сомонӣ амонатҳои пулии шаҳрвандон пасандоз шудааст. 
Дар баробари ин, дар шаҳру навоҳии вилоят ҳоло ҳам омилҳое ҳастанд, ки барои амалигардонии босамари қонун монеа эҷод мекунанд. Масалан, тибқи талаботи моддаи 51 қонун дар ҳамаи идораҳо ва корхонаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки на камтар аз 30 корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Гарчанде роҳбари идора тибқи талаботи қонун, ҳамзамон раиси комиссияи ҷамъиятӣ, барои гузарондани расму оинҳо ва ҷашну маъракаҳои кормандонаш масъул бошад ҳам, ин меъёр аз тарафи аксари роҳбарони идораю муассисаҳо риоя намегардад. То ба ҳол дар ин бобат комиссияҳои ҷамъиятии идораву муассисаҳо аъзои худро барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур муҳокима накардаанд. 
Гарчанде мақсади асосии қонун на ҷазодиҳии шаҳрвандон, балки пешгирӣ намудани сарфиёти барзиёд дар маъракаву маросимҳо бошад ҳам, аз қайд берун мондани ҳодисаҳои қонуншиканӣ аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида шаҳодати саҳлангорӣ ва камфаъолиятии кормандони соҳа ва комиссияҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Ғуломнабӣ Собиров сабаби асосии камбудиву норасоиҳо дар ҷараёни амалигардонии қонунро ба саҳлангории роҳбарон дар ҷобаҷогузории кадрҳои соҳа рабт дод. Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба хостагирӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳаи дин ва танзими расму оинҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намекунанд. Мудирони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сармутахассисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳо бе баргузории озмунҳо таъйин мегарданд. Дар баъзе ҷамоатҳои деҳот сармутахассисони соҳа бе назардошти мутобиқати тахассус ба кор қабул мешаванд ва онҳо аз уҳдаи кор набаромада, вазифаро ба зудӣ тарк мекунанд. Чунин ҳолат дар таъйину озод намудани мудирони бахши ноҳияҳо низ ҷой дорад. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2021    №: 133    Мутолиа карданд: 1090
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед