logo

Хабарҳо

Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

 
Мир24. Президенти Қазоқистон аз кишварҳои СААД даъват кард, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд. Қосим-Жомарт Токаев дар Душанбе дар ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии ин созмон суханронӣ кард. 
«Ман пешниҳод мекунам, ки барои ҳамоҳангсозии амалҳо ва таъмини ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Афғонистон чораҳои мушаххас андешем. Афзалияти мо - аз ҷониби ҳукуматдорони нави Афғонистон иҷро кардани уҳдадориҳои худ оид ба пешгирии паҳншавии хатари терроризм ба кишварҳо ва минтақаҳои ҳаммарз мебошад. Ҳамин чиз ба қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ низ дахл дорад, ки мубориза бо он иродаи дастаҷамъонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро талаб мекунад», - гуфт Токаев.
Президенти Қазоқистон таъкид кард, ки марзи Тоҷикистон сарҳади ҷанубӣ ва як навъ «камарбанди амниятӣ» - и СААД мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мамлакатҳои иттиҳод бояд ба мустаҳкам шудани он кумак намоянд. Токаев пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро дар бораи таъсиси гурӯҳи мониторинги фаврӣ дастгирӣ кард. Он барои назорати вазъ дар Афғонистон ва сари вақт нишон додани аксуламал алайҳи таҳдидҳо ёрӣ хоҳад расонд.
Дар поёни нишаст раҳбарони кишварҳои узви СААД Эъломияи Шурои амнияти дастаҷамъиро қабул карданд.
 
 
 
Роҳбарони СААД  нақшаи бо силоҳҳои муосир таъмин кардани неруҳои дастаҷамъиро тасдиқ намуданд
ТАСС. Раҳбарони кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ   дар ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъӣ тарҳи муҷаҳҳаз сохтани неруҳои  дастаҷамъии созмонро бо аслиҳаи муосир тасдиқ карданд. Дар ин бора сомонаи расмии СААД иттилоъ додааст.
«Сарварони давлатҳо, инчунин, нақшаи муҷаҳҳаз кардани неруҳои дастаҷамъии зудамали (НДЗ)  СААД - ро бо аслиҳаҳои муосир, техникаҳои махсуси низомӣ ва воситаҳои махсус тасдиқ намуданд. Ин ҳуҷҷати хеле муҳим ва саривақтист, ки татбиқи он ба мо имконият медиҳад НДЗ-ро ба сатҳи нави босифат барорем”, - омадааст дар ҳуҷҷат. 
Ҳамчунин, раҳбарони кишварҳои СААД Созишнома дар бораи дастгирии муштараки моддию техникӣ ва тиббии неруҳои Созмони  Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро имзо карданд.
 
 
Лукашенко аз  хатари ҳалли иҷбории муноқишаҳо ҳушдор дод
Лента.ру. Муташанниҷ шудани вазъи ҷаҳон водор месозад, ки муноқишаҳо бо роҳи зӯрӣ ҳал шаванд. Дар ин бора Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД дар Душанбе изҳор дошт, - хабар медиҳад БЕЛТА. 
Ба гуфтаи ӯ, бархе кишварҳо ҳанӯз ҳам меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро вайрон мекунанд, ки ин боиси ноором шудани вазъ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мегардад. «Мутаассифона, мо бояд иқрор шавем, ки соли равон ба беҳбуди вазъи байналмилалӣ мусоидат накард», - гуфт Лукашенко. Роҳбари Беларус зикр кард, ки дар ин замина, афзоиши хароҷоти низомӣ ва тахриби системаи назорати аслиҳа нигаронкунанда аст.  
 
 
Кишварҳои БРИКС метавонанд дар бораи вазъи Афғонистон нишаст баргузор намоянд
ТАСС. Кишварҳои узви БРИКС (Россия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) метавонанд ба зудӣ оид ба вазъи Афғонистон нишаст баргузор кунанд. Дар ин бора раҳбари Форуми байналмилалии БРИКС Пурнима Ананд дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Известия» хабар дод.
«Бале, ин дар эътидол овардани вазъи минтақа нақши муҳим хоҳад дошт, зеро ҳар се кишваре, ки ман пештар зикр кардам - Чин, Ҳиндустон ва Россия дар Афғонистон, аллакай, нақши муҳим доранд. Ҳамоҳангсозӣ дар масири БРИКС оид ба ин масъала зарур аст», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, Чин, Ҳиндустон ва Россия дар БРИКС барои баррасии масоили Афғонистон ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд.
«Ман фикр мекунам, ки кишварҳои мо метавонанд стратегияҳои муассир оид ба Афғонистонро таҳия кунанд, ки танҳо ба некуаҳволии аҳолии чандмиллионаи ин кишвар фоида орад», - гуфт ӯ.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 675
18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед