logo

Хабарҳо

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

Дар шароити кунунӣ, ки инсоният ба мушкили таъмини озуқаворӣ дучор омадааст, моҳияти ҳифз ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
 
Бо  назардошти ин омил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамрадиф бо раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқавориро низ ҳадафҳои стратегӣ эълом доштанд.
Ноҳияи Рашт бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоиди худ барои бунёд ва рушди соҳаи боғпарварӣ имкониятҳои хуб дорад. Меваҳои ноҳия, хусусан себу нок, бо таъму лаззати худ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кайҳо боз машҳуранд.
Тавре Абдураззоқ Саломов, сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт, зимни суҳбат гуфт, дар нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 288 миллиону 197,6 ҳазор сомонӣ расида, дар қиёс ба  ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 325,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Ба гуфтаи ӯ, истеҳсоли ғалладонагиҳо  4463,8 тонна, зироатҳои равғандор ҳамагӣ 636,9, сабзавот 8461,5 тонна, картошка 34 666 тонна ва мева 350,3 тоннаро ташкил дод.
Дар баробари ин, тавлидоти гӯшт, шир, тухм ва асал ба маротиб афзудааст.
- Сокинони ноҳия барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ саъю талош варзида, ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулот саҳми босазои худро мегузоранд,- иброз дошт дар хотима Абдураззоқ Саломов.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 496
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед