logo

фарҳанг

ДУРАХШИ ЛОЯЗОЛИИ САНЪАТИ ТОҶИКОН

Эътирофи мусиқии халқии миллати тоҷик “Фалак” аз ҷониби созмони баэътибори байналмилалии ЮНЕСКО эътирофи санъату ҳунар, асолати ҳунарӣ, фарҳанги хуҷастаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки аз имтиҳони ҳазоронсолаҳои таърихи гарон гузаштаву бо сарбаландиву покизагӣ  то ба имрӯз расидааст ва шукӯҳу шаҳомату дурахши лоязолии худро маҳфуз доштааст. Суруд ва мусиқии “Фалак” эҷоди халқи мост ва гувоҳи дурахшони ҳунару истеъдоди ин миллати тамаддунпарвару эҷодкору нексиришту хайрхоҳ аст, ки ба шарофати даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва талошҳои фарзандони фарзонаи он дар қатори дигар суннатҳои волои миллӣ,  илм ва адабиёти бегазанду ҷовидони гузаштагон эҳёи дубора ёфтаву маҳбуби мардуми соҳибзавқи сайёра гардидааст. 
Аз эътирофи ҷаҳонии Наврӯзи Аҷам, истиқболи самимонаи бисёр суннату маросимҳои дигари тоҷикӣ то пазироии мусиқии “Фалак”-и тоҷикӣ ҳама паёми неку дуруду шодбошии халқи хайрхоҳу нексиришти тоҷик ба ҷаҳониён буда, ки дар ин замони таҳдиди хатарҳои маҳвкунандаи инсонӣ нури умеду хайру сафо ба ҷомеаи башарӣ армуғон  меоранд ва бори дигар гувоҳи сиришти неки башардӯстона ва ҳадафҳои волову хуҷастаи инсонии халқи соҳибтамаддуни мо мебошанд.
Мо аминем, ки ҳанӯз бисёр ҳунару суннат ва маросиму анъанаҳои неки башардӯстона ва инсонпарваронаи миллати нексиришти тоҷик  сазовори эътирофи ҷомеаи ҷаҳонианд ва дар фароҳам овардани ҳавои мусоид, ҳамдигарфаҳмӣ ва некиву инсонпарваронаи халқу миллатҳои ҷаҳон метавонанд мусоидат кунанд. Ҳар суннату маросим ва одобу анъанаи миллии мардуми мо, нуру сафо ва меҳру вафои инсонӣ бо худ доранд, ки инсонҳоро инсонитар мекунанду ҳавои рӯзгори инсониятро покизаву мусаффо нигоҳ медоранд. Масалан, агар аз Меҳргони мо насими меҳру сафо ва файзу баракату фаровонӣ  мевазад; маросими ҷашни Сада ҳазоронсолаҳо бар алайҳи зулму торикиҳо бо оташи мунаввари худ роҳи моро рӯшан, дилу манзили моро гарм медорад. Одоби ҷавонмардӣ ва футуввати инсонии халқи тоҷик баъдан дар Аврупо бо номи Ритсарство машҳуру маълум гардидаву сатҳи баланди меъёрҳои инсониро таълим додаву таъмин намудааст. Аз ҷумла, қавӣ будан, дурӯғ нагуфтан, фиреб надодан, некӣ кардану хайрхоҳ будан ва ғайра. 
Ҷойи сарфарозӣ ва ифтихори бузург аст, ки имрӯз ба шарофати сиёсати некбинона ва хайрхоҳонаву башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол обрӯ ва нуфузи миллати мо дар арсаи байналмилалӣ меафзояд ва, хусусан суннату маросимҳои миллии мо, ҳар чи бештар эътирофи байналмилалӣ меёбанд. Эътирофи мусиқии халқии мо - “Фалак” эътирофи навбатии сиришти эҷодкору офаринандаи халқи соҳибтамаддун ва соҳибистеъдоди тоҷик аст.
 
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ “Ховар”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2021    №: 8    Мутолиа карданд: 1716
26.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев бовар дорад, ки Қазоқистон баъд аз ошӯбҳои моҳи январ ба зудӣ барқарор мешавад

ТЕМУРМАЛИК. ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

24.01.2022


Россия барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо мекунад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Изҳороти дипломати рус дар Вена

СПИТАМЕН. ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНОН БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

МАСТЧОҲ. ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

КӮЛОБ. ТАШАББУСҲОИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР ДАР САМТИ РОҲСОЗӢ

19.01.2022


ВОДИИ РАШТ. ВАҚТЕ ҲУКУМАТ БО САРМОЯГУЗОРОН ҲАМКОРИ БОЭЪТИМОД АСТ...

КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАВЗЕЪҲОИ ХАТАРЗО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ҲАДАФ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед