logo

иҷтимоиёт

ОСОРХОНАИ АДИБ, ЖУРНАЛИСТ ВА МУҲАҚҚИҚ ТОҶӢ УСМОН ТАЪСИС ДОДА ШАВАД

Дар рушди публитсистикаи тоҷик нақши Тоҷӣ Усмон басо назаррас аст. Вақте дар бораи зиндагиномаи ӯ сухан меравад,  аз 7 нуктаи муҳими рӯзгору осори ин марди зиндаёд ёдовар шудан ба маврид аст.
 
Якум, 96 сол пеш, айёме, ки Тоҷӣ Усмон аз баҳори 19-уми умри худ гул мечид, фаъолияти эҷодии худро оғоз кард. Ӯ аз аввалин рӯзноманигорони тоҷик буд, ки бо мақолаҳои публитсистӣ ва ҳикояву очеркҳои воқеӣ ҳаёти нави мардумро ситоиш мекард. Соли 1926 муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқат» таъин гардида, бо ҳамроҳии Ҳаким Карим, Қурбон Баҳлулзода, Саид Носиров ва дигар адибони машҳур бобати тараннуми рӯзгори навин, инъикоси проблемаҳои замона ва тарбияи маънавии мардум фаъолияти эҷодии худро равона сохтааст. 
Дуюм, Тоҷӣ Усмон аввалин муҳаррири рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» (имрӯза «Хуҷанд») буд. Ифтихори бузург медонам, ки замони донишҷӯйӣ аз ин даргоҳи муқаддаси эҷодӣ сабақ гирифтаам ва ҳамон вақт зеҳни мо донишҷӯёнро маълумот дар бораи аввалин сармуҳаррири рӯзнома таҳрик медод. Боиси массарат аст, ки дар саргаҳи фаъолияти ин нашрия нафаре меистод, ки бо қалами бурро ва зеҳни гиро аз аввалин шумораҳо рӯзномаро матлуби хонандагон гардонид. Муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷик, аз ҷумла, муаррих Усмонҷон Ғаффоров ба фаъолияти ин нашрия баҳои баланд додаанд. Ҷойгоҳи нашрия дар тарбияи хабарнигорони ҷавон, инъикоси воқеияти зиндагӣ ва ба мактаби бузурги адибону рӯзноманигорон мубаддал ёфтани он хеле арзишманд маҳсуб меёбад. Тоҷӣ Усмон дар ин нашрия қаламкашони ҷавон Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Ҳаким Карим, Ҳоҷӣ Содиқ, Зариф Раҷабов ва дигаронро ҷамъ оварда, онро ба оинаи рӯзгори мардум табдил дода буд. Фаъолияти пурсамари нашрия боис гардид, ки дар озмуни байни нашрияҳои онзамонаи Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол кунад. 
Сеюм, Тоҷӣ Усмон на танҳо мубаллиғи барҷаста буд, балки бо доштани дониши фарохи адабӣ ва илмӣ роҳбалади хубе ба ҳисоб мерафт. Хусусан, ҳангоме сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба шаҳри Хуҷанд меҳмон шуданд, бо роҳбаладиву мусоидати Тоҷӣ  Усмон барои эҷоди осори публитсистии худ дар бораи таърих ва воқеияти шаҳри Хуҷанд маълумоти фаровоне пайдо карданд. Муддати як моҳ Тоҷӣ Усмон устодро ба мавзеъҳои гуногуни таърихии шаҳри Хуҷанд ва атрофи он бурда, дар гирд овардани маълумоти нодири таърихӣ ба ӯ кумак расонданд. Пасон дар ин бора Тоҷӣ Усмон бо забони фасеҳу каломи бадеъ маводи бисёр ҷолиб иншо намуданд. Ӯ менависад: «Чун сухан аз тарҷумаи истилоҳоти соҳаи боғдорӣ, аз ҷумла ширинии ангуру тут рафт, устод аз ман пурсиданд, ки тарҷумаи он ба русӣ чӣ мешавад? Ман посухи дуруст пайдо накарда гуфтам, ки шояд виноградная лоза бошад, баногоҳ устод барошуфтанд ва гуфтанд: на, бегмес аст ин, бегмес, наход дорулфунунро хатм карда, чунин истилоҳи оддиро надонед. Воқеан ин тарҷумаи устод Садриддин Айнӣ, ки аз мутолиаи пайваста ва таҷрибаи бузурги эҷодиашон сарчашма мегирифт, хеле нодир ва фавқулода буд». 
Диду боздидҳо бо устод Садриддин Айнӣ дар очерки сафарии Тоҷӣ Усмон бо номи «Як моҳ бо устод Садриддин Айнӣ» соли 1962 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» (ҳоло «Садои Шарқ”) ба нашр расид ва  аз нигоҳи услуби навишт ва жанр мутахассисони соҳа ба он баҳои баланд додаанд. Натиҷаи ин сафари босамари устод Садриддин Айнӣ таълифи очеркҳои таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Тирози ҷаҳон» гардиданд, ки дар муаррифии таърихи миллати тоҷик саҳми муассире доранд.
Чорум, Тоҷӣ Усмон на танҳо оташинсухан ва қаламкаши моҳир буд, балки ҳамчун сиёсатмадор низ фаъолияти арзишманд дошт. Солҳои 1937-1939 бо пешниҳоди устод Абулқосим Лоҳутӣ таъин гардидани ишон ба сифати котиби созмони шаҳрии Ҳизби Коммунистӣ паҳлуи дигари кордониву маҳорати Тоҷӣ Усмонро муаррифӣ кард. Маҳз ҳамин замони фаъолияти ӯ, устод Садриддин Айнӣ меҳмони Хуҷанди бостонӣ шуда буд. Ба туфайли кордониву маҳорати муншии ҷавон шаҳри Хуҷанд тадриҷан тараққӣ намуд ва ба яке аз шаҳрҳои ободу зебо ва пешрафта табдил ёфт.
Панҷум, паҳлуи муҳими дигари фаъолияти эҷодии Тоҷӣ Усмон ба сифати тарҷумон фаъолият намудан мебошад. Ҳанӯз соли 1926 роҳбари  Иттиҳоди Шуравӣ Иосиф Сталин ба фаъолияти тарҷумонии Тоҷӣ Усмон таваҷуҳ зоҳир намуда, бо ӯ мулоқот кардааст. Ин аст, ки дар вохӯрии муҳими роҳбарони се кишвари бузурги ҷаҳон – Иттиҳоди Шуравӣ, Англия ва Америка бевосита иштирок намуда, дар таҳияи ҳуҷҷатҳои ин вохӯрии сарнавиштсоз саҳми зиёд гузоштааст. Фаъолият дар сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Эрон барои адиб ва рӯзноманигор самти нави фаъолиятро боз кард. Маҳз ин замон вай ба осори шоирони гузашта, хусусан шоираҳои тоҷик таваҷҷуҳ пайдо карда, бо дастнависҳои адибаҳои тоҷик ошно гардид. Ин ковишҳо ба зудӣ самар оварданд ва китоби машҳури Тоҷӣ Усмон «Бисту се адиба» дар Тоҷикистон нашр шуд. Нашри ин китоб муҳаққиқи адабиётшиносии тоҷик будани Тоҷӣ Усмонро муаррифӣ кард. Баъдан ин мавзуъро идома дода, Тоҷӣ Усмон китобҳои «Шоираҳои боистеъод», «Шоира Маҳастӣ» ва «Духтари ниқобдор»-ро таҳия кард, ки дар адабиётшиносии тоҷик мақоми арзанда доранд. 
Шашум, фаъолияти эҷодии Тоҷӣ Усмон дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» басо назаррас буд. Нависандаи тавонои тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев дар китоби «Писари газета» нақл мекунад, ки чӣ гуна Тоҷӣ Усмон донандаи хуби забони тоҷикӣ буданд. Барои ҳар як истилоҳ, калима соатҳо баҳс мекарданд ва ба балоғати сухан ва фасоҳати калом арҷи бузург мегузоштанд. Забони нигоштаҳои Тоҷӣ Усмон фаҳмо ва фасеҳу равшан буд. Фаъолияти рӯзноманигории вай то охири умр дар нашрияҳои «Тоҷикистони советӣ» ва маҷаллаи «Хорпуштак» идома ёфт. Махсусан фелетонҳо ва шеърҳои ҳаҷвиаш ихлосмандони зиёд пайдо карда буд. Суханаш корагар ва тираш ҳамеша нишон дошт. Зеро публитсисти оташинқалам ва эҷодкори асил буд.
Ҳафтум, дар баробари жанрҳои ҳаҷвӣ очеркҳо ва дигар осори публитсистии Тоҷӣ Усмон аз ҷониби муҳаққиқон баҳои баланд гирифтааст. Дар китоби «Кашфи асрор» гирд овардани ин осор ва бо муҳарририи Сотим Улуғзода барин нависандаи тавонои давр ба чоп расидани он гувоҳ аз он аст, ки ӯ ҳамчун публитсист муваффақ буд.
Дар маҷмуъ адиб, рӯзноманигор, тарҷумон, публитсист ва инсони комил, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Тоҷӣ Усмон бо осори гаронбаҳояш дар дилу дидаи аҳли завқ ҳамеша боқӣ мемонад.
 Барои абадӣ гардонидани хотираи ин марди бузург Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки осорхонаи ин адиб ва рӯзноманигор дар зодгоҳаш таъсис дода шавад, то ҷавонон ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва рӯзгори ин марди некном ошно гарданд ва аз рӯзгори ҳамдиёри худ ифтихор дошта бошанду пайравӣ кунанд. 
 Ҳамчунин, дар шаҳри Хуҷанд доир намудани ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ оид ба таҳқиқи осори Тоҷӣ Усмон имконият фароҳам меорад, ки дар мавриди осори публитсистӣ ва адабии арзишманди ишон маълумоти бештаре пайдо шавад. 
Дар ин самт Иттифоқи журналистон ҳамеша паҳлуи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад ва чунин иқдомоти якҷоя ба хотири гиромидошти хотираи адиб, журналист ва муҳаққиқ Тоҷӣ Усмон ва ба наслҳои минбаъда муаррифӣ намудани осори гаронбаҳои публитсистӣ ва адабии ӯ уфуқҳои нав мекушояд.
 
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА, 
номзади илмҳои филологӣ, 
раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2022    №: 8    Мутолиа карданд: 2237
26.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев бовар дорад, ки Қазоқистон баъд аз ошӯбҳои моҳи январ ба зудӣ барқарор мешавад

ТЕМУРМАЛИК. ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

24.01.2022


Россия барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо мекунад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Изҳороти дипломати рус дар Вена

СПИТАМЕН. ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНОН БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

МАСТЧОҲ. ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

КӮЛОБ. ТАШАББУСҲОИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР ДАР САМТИ РОҲСОЗӢ

19.01.2022


ВОДИИ РАШТ. ВАҚТЕ ҲУКУМАТ БО САРМОЯГУЗОРОН ҲАМКОРИ БОЭЪТИМОД АСТ...

КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАВЗЕЪҲОИ ХАТАРЗО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ҲАДАФ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед