logo

мулоқотҳо

Туризм бояд ба соҳаи муҳими Тоҷикистон табдил ёбад

3 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дабири кулли Созмони ҷаҳонии туризм Талеб Рифаиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ бо Созмони ҷаҳонии туризм ва дурнамои рушди ин соҳа дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки дар замони муосир соҳаи туризм ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст ва метавонад ба  рушди бемайлони мамлакатҳо ва равобити судманди миёни мардумони гуногун мусоидат намояд. Таъкид шуд, ки айни ҳол 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ аз ҳисоби туризм таъмин мегардад ва қариб 250 миллион нафар дар ин соҳа кор мекунад.
Талеб Рифаӣ ба имконот ва дурнамои рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки ба наздикӣ баҳри тавсеаи ҳамкорӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иқтидори туристии ин кишвари кӯҳистон миёни Созмони ҷаҳонии туризм ва Тоҷикистон як созишнома бояд ба имзо расад.
Ба гуфти Талеб Рифаӣ, сарватҳои асосии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон осори таърихию фарҳангии пурғановату бостонӣ, табиати биҳиштосо ва мардуми меҳмоннавозу хушсалиқаи он аст.
Ҳар ду ҷониб ба таҳким ва густариши ҳамкории судманд ҳавасмандии зиёд зоҳир намуд.

www.president.tj


-Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи туризм ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ имконоти фаровон дорад. Созмони ҷаҳонии туризм ҷиҳати муаррифии  кишвари зебои шумо ба ҷаҳониён тариқи сомонаҳои интернетии  худ  иқдом  хоҳад кард,- иброз дошт Талеб Рифаӣ, дабири кулли       Созмони ҷаҳонии туризм, пас аз сӯҳбат бо Эмомалӣ    Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 -Созмони ҷаҳонии туризм тасмим гирифтааст, ки моҳҳои наздик бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонад. Мутмаинам, ки санади мазкур барои равнақи соҳаи туризм дар Тоҷикистон ва васеъ ба роҳ мондани  корҳои тарғиботию ташвиқотӣ заминаи боэътимод хоҳад гузошт,- гуфт Талеб Рифаӣ.
Ба ақидаи дабири кулли Созмони ҷаҳонии туризм дар кишвари мо омилҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд дар рушди туризм нақши муассир дошта бошанд. Мероси гаронбаҳои фарҳангу таърихӣ, табиати бою рангин, кӯҳу дарёҳои камназир ва муҳимтар аз ҳама оинҳои миллии тоҷикӣ аз вижагиҳое маҳсуб мешаванд, ки дар дигар кишварҳо камтар ба назар расида, қобили таваҷҷӯҳ ва ҷалби ҷаҳонгардон аст.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1008
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед