logo

Хабарҳо

Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

 
RT. «Шумо ва тамоми шаҳрвандони кишварро ба Рӯзи Россия - бо ҷашни давлатӣ, ки ба кишвари азизамон бахшида шудааст, табрик мегӯям. Имрӯз мо, махсусан дарк мекунем, ки то чи андоза муттаҳид будан барои Ватан, барои ҷомеаи мо, барои мардум муҳим аст. 
Мо медонем, ки ин анъанаҳои чандинасра, арзишҳои ахлоқӣ, пояҳои маънавӣ чи қудрати бузург доранд. Онҳо дар давоми таърихи ҳазорсолаи Россия таваллуд ёфта, мустаҳкам шуданд. Имрӯз бошад, халқи сермиллати моро муттаҳид месозад, ки дар ҳама давру замон эҳсоси самимӣ, амиқи ватандӯстӣ барои онҳо муқаддас буд ва боқӣ мемонад», - таъкид дошт Роҳбари давлат.
 
 
Эрдоган ният дорад бо Путин ва Зеленский дар бораи ғаллаи Украина гуфтугӯ кунад
Известия. Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган изҳор дошт, ки ният дорад бо Роҳбари Россия Владимир Путин ва Президенти Украина Владимир Зеленский ҳафтаи оянда барои баррасии авзоъ дар Украина ва, ҳамчунин, мушкилоти ғалла гуфтугӯ намояд. 
Ба гуфтаи ӯ, Туркия дар ҳоли ҳозир ба далели қатъи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Россия ва Украина мушкилоте надорад. Ғайр аз ин, худи мамлакат, чунон ки Роҳбари Туркия зикр кард, 5 миллион тонна гандум дорад, вале мехохад захираи онро зиёд намояд. 
11 июн вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоглу гуфт, ки Анкара мунтазири посухи Москва ба пешниҳоди баргузории нишасти Россия, Украина, Туркия ва СММ дар мавриди содироти ғалла аз бандарҳои Украина мебошад.
 
 
Лукашенко сиёсати иқтисодии Россияро муваффақ номид
MKRU. Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни таб-рики ҳамтои худ Владимир Путин ба муносибати Рӯзи Россия таъкид кард, ки Россия дар шароити душвори геополитикӣ нақшаҳои таъмини рушди динамикии иҷтимоию иқтисодиро бомуваффақият амалӣ месозад. 
Роҳбари Беларус гуфт, ки ватандӯстӣ ва ваҳдати шаҳрвандони Россия, инчунин, дастгирӣ ва эътимоди баланд ба роҳи пешгирифтаи роҳбарияти кишвар посухи арзанда ба амалҳои ғайридӯстона алайҳи Россия гардид.
Лукашенко иброз намуд, ки ҳеҷ шакке надорад, русҳо, чунон ки дар таърих борҳо рух дода буд, ҳама мушкилоту озмоишҳоро устуворона паси сар хоҳанд кард.
 
 
Мулоқоти Назарбоев бо Путин 
КазТАГ. Президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуда, ӯро бо Рӯзи Россия табрик гуфт. Дар мулоқоти дӯстона  онҳо ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити ду кишвар табодули назар карданд. 
Зимнан, зикр гардид, ки ҳамкориҳои Қазоқистону Росия дар заминаи муколамаи баробарҳуқуқӣ инкишоф меёбанд. Ҷонибҳо изҳори бовар ба идомаи минбаъдаи робитаҳои барқароршудаи дӯс-тона ба нафъи шукуфоии халқҳои Қазоқистон ва Россия намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6902
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед