logo

Хабарҳо

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

Р.Т. «Роҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган зимни нишасти НАТО дар Мадрид таъйид хоҳад кард, ки Анкара дар мавқеи худ дар мавриди кишварҳои пуштибон аз терроризм созиш нахоҳад кард». Дар ин бора дафтари Роҳбари Туркия хабар додааст. 
Қаблан Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфта буд, ки Эътилоф мавқеи сахти Туркияро дар мавриди узвияти Финляндия ва Шветсия интизор нест.
Маъмурияти Президенти Туркия хабар дод, ки Шветсия ба террористоне, ки дар ҳудуди Туркия ҳамлаҳои террористӣ анҷом додаанд, силоҳ таъмин намудааст.
Ба гуфтаи Эрдоган, Туркия бо Ҳизби коргарии Курдистон ва шохаҳои он бо вуҷуди пуштибонии онҳо аз ҷониби Амрико ва Аврупо, муборизаро  идома хоҳад дод.
 
 
 
Песков: «Россияро аз ҳаёти байналмилалӣ «тела додан» ғайриимкон аст»
 
РБК. Сухангӯи Президенти Россия Дмитрий Песков ба ТАСС гуфт, он чи дар моҳҳои охир рух дода истодааст, нишон медиҳад, ки Маскавро аз ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ «тела додан» мумкин нест.
Дар ҷараёни омодагӣ ба Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, Президенти Россия бо олимон, соҳибкорон ва муҳандисон мулоқот кард, - суханашро идома дод Песков ва дар бахшҳои саноатӣ, технологӣ ва истеҳсолӣ «соҳибихтиёрӣ»- и Россияро баррасӣ намуд. Вай таъкид кард: «Президент як тавзеҳи муҳим гузошт - ин соҳибихтиёрии мо ба ҳеҷ ваҷҳ маънои канорагириро надорад». 
Намояндаи Президент итминон дод, ки Москва «формати гуногуни интегратсия»-ро бо кишварҳои дӯст идома медиҳад.
 
 
 
Тезсуръаттарин суперкомпютер дар Аврупо  
 
Росбалт. Дар Финляндия тезсуръаттарин суперкомпютери Аврупо ба кор андохта шуд. Он LUMI номида мешавад ва дар шаҳри Каяани ҷойгир аст. LUMI суперкомпютери тезтарин ва каммасрафтарин дар Аврупо буда, аз рӯи суръати ҳисоббарорӣ дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол мекунад. 
Компютерро EuroHPC ва консорсиуми 10 кишвари аврупоӣ: Белгия, Дания, Исландия, Норвегия, Лаҳистон, Финляндия, Швейтсария, Шветсия, Чехия ва Эстония якҷоя сохтаанд ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дастраси корбарон мешавад.  Суперкомпютер имкон медиҳад, то дар соҳаи тиб (аз ҷумла, ташхиси саратон) ва дар пажӯҳишҳои иқлим пешрафтҳои илмӣ ба даст ояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3573
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед