logo

Хабарҳо

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ шинос гардида, барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба масъулон супоришҳо дод. Таъкид шуд, ки ба истиқболи ҷашнҳои дарпешистода - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳо бояд вусъат ёбанд.
 
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар доираи сафар раиси вилоят нахуст дар шаҳраки Бӯстон бо рафти бунёди меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ қомат афрохтааст, ошно шуд. Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ аз чор ошёна иборат буда, харҷномаи лоиҳавии он 9 миллион сомонӣ мебошад. Дар ошёнаи якуми бино маркази хизматрасонӣ, ҳаммом, кошонаи ҳусн ва ҳавзи шиноварӣ, дар қабатҳои дуюм ва сеюм толорҳои варзиш ва дар ошёнаи чорум меҳмонхона бо 35 рахти хоб ҷойгир мешавад. Дар иншоот 20 нафар бо кор таъмин мегардад.
Инчунин, раиси вилоят дар деҳоти Навбаҳор сохтмони фермаи чорводорӣ ва фабрикаи мурғпарварии ҶДММ «Некбахт»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Фермаи чорводорӣ ва фабрикаи мурғпарварӣ барои истеҳсоли гӯшт пешбинӣ гардида, дар он 200 сар чорвои калон ва дар фабрика 22000 сар мурғ парвариш мешавад. Фабрикаи мурғпарварӣ метавонад дар як сол то 300 тонна гӯшт истеҳсол намояд.
Раҷаббой Аҳмадзода барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва ба итмом расондани корҳо супоришҳо дод, ки барои таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҷараён дошта, барои ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Раиси вилояти Суғд дар деҳоти Палдорак бо сохтмони корхонаи коркарди чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар» шинос шуд. Корхонаи мазкур бо харҷи беш аз 750 ҳазор сомонӣ сохта шуда, метавонад то 10 нафарро бо кор таъмин созад. Барои ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҷониби муассиси корхона таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ва Туркия ворид шуда, дар он соле то 4000 тонна маҳсулот коркард мешавад.
Ташкили корхонаи нав ба манфиати кор арзёбӣ гардида, таъкид гашт, ки коркард ва истеҳсоли маҳсулот дар асоси омӯзиши бозор ба роҳ монда шуда, дар оянда содироти маҳсулоти тайёр низ ба нақша гирифта шавад. 
Дар идомаи боздид роҳбари вилоят дар деҳоти Палдорак аз коргоҳи дӯзандагии соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов дидан намуд. Дар коргоҳ 50 дастгоҳи дӯзандагӣ насб гардида, бо фаъол шудани он то 60 нафар ба кор ҷалб хоҳад шуд. Коргоҳ бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонда шуда, дар ошёнаи якуми он, ҳамзамон, кошонаи ҳусн низ ташкил мешавад.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз бинои иловагии ҶДММ «Маркази ташхисию табобатии Сино» боздид намуд. Бинои иловагии марказ аз ҷониби соҳибкор Боймаҳмад Султонов бунёд шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуму дуюм таҳлилгоҳ, дар ошёнаи сеюм 34 кат ва ошхона бо 40 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар бино таҷҳизоти тиббии муосир аз Чин, Корея ва Россия ворид гашта, муоина ва табобати беморон дар сатҳи баланд ба роҳ монда хоҳад шуд.
 
Нигина РАҲМОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6092
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед