logo

Хабарҳо

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

 
Ба чанд нафар вакили Маҷлиси намояндагон ордену медалҳои ҷашнӣ, нишонҳои сарисинагии хотиравии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ифтихорномаи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар маросими тантанавӣ тақдим карданд. 
Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мукофотҳо ба вакилон барои хизматҳо дар рушд ва таҳкими парламентаризм, саҳмгузорӣ дар рушд ва такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ИДМ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ тақдим гардиданд.
 
 
Вохӯрӣ бо муовини Дабири кулли СММ 
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус дар Лисcабон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин мулоқот кард.
Дар суҳбат натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар  Ню-Йорк баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.
 
 
Имзои Созишнома оид ба маблағгузорӣ
Маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд баргузор гашт. Созишномаро вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли имзо карданд.
Вазорати молия хабар дод, ки ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими автомобилгард, пурзӯр намудани иқтидорҳо вобаста ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ, дар ҳолати буҳронӣ ё фавқулода вокуниши фаврӣ ва самарабахш ба ҳолатҳои болозикр мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар буда, татбиқи он соли ҷорӣ оғоз ёфта, анҷоми он дар соли 2027 дар назар аст.
 
 
Раванди амалишавии ислоҳоти милитсия
Дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия аз ҷониби шарикони рушд ба Вазорати корҳои дохилӣ се воситаи нақлиёти сайёр тақдим гардид. Дар чорабинӣ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва сафири Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Вук Жугич ширкат варзиданд.
Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар дод, зимни қабули воситаҳои нақлиёти сайёр вазир зикр намуд, ки нақлиётҳои воридгардида бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои ҳайати гурӯҳи кории нуқтаи сайёри милитсия, ки бо сокинон дар минтақаҳои кишвар барои пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, мусоид мебошад.
 
 
Даври асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ оғоз мегардад
Аз 1 июл даври  асосии имтиҳонҳои марказондаи дохилшавӣ ба  муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) оғоз мегардад, - иттилоъ дод маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ.
Марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда мешаванд.
Мувофиқи тартиб шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар зиёд бошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5419
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед