logo

Хабарҳо

Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

 
Мир 24. Президенти Россия Владимир Путин дар Кремл Президенти Индонезия Ҷоко Видодоро, ки ҳашт сол боз роҳбарии ин кишварро бар уҳда дорад, ба ҳузур пазируфт. Ин нахустин сафари расмии ӯ ба Россия аст. 
«Индонезия яке аз кишварҳое мебошад, ки мо бо он пас аз барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ дар тули даҳсолаҳо муносибатҳои хеле хуб дорем. Ман медонам, ки Индонезия ба рушди муносибатҳо бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳавасмандӣ зоҳир кард ва мо дар моҳи май тасмим гирифтем, ки ин равандро оғоз намоем»,- гуфт Путин. 
“Ман дар Москва на танҳо ҳамчун Президенти Индонезия, балки ҳамчун раиси G20 ҳастам. Умедворам, ки ин нишаст минбаъд низ як катализатор барои ба эътидол овардани вазъи ҷаҳон хоҳад буд”, - изҳор дошт Ҷоко Видодо.
 
 
 
Лукашенко: «Ба муносибатҳои Беларус ва Россия танҳо ҳасад бурдан мумкин аст»
Мир 24. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров изҳор дошт, ки ба  муносибатҳои Беларус ва Россия танҳо ҳасад бурдан мумкин аст.
«Мо ба қадри кофӣ қудрат дорем, то ду давлати мустақил тавонанд  муносибатҳои созандаеро роҳандозӣ намоянд, ки дигарон дар ҷаҳон ҳасад баранд. Мо ба сӯи ин пеш рафта истодаем ва аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳоямон 30 сол гузашт. Мо аз Россия ҳама чизеро, ки ба як давлати соҳибихтиёр ва мустақил лозим аст, мегирем», - гуфт Лукашенко.
«Россия ва Беларус ба таври қатъӣ исрор хоҳанд кард, ки манфиатҳои қонунии амниятии онҳо дар замоне, ки НАТО амалҳои хеле хашмгинро идома медиҳад, эҳтиром карда шавад. Мо ҳамеша ҷонибдори муколама ва он тасмимоте ҳастем, ки баробарӣ ва тавозуни манфиатҳоро таъмин менамоянд», - гуфт Лавров.
 
 
Тошкент мизбони Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон мешавад
CentralAsia (UZ). Рӯзҳои 25-26 июл дар Тошкент бо ширкати ҳайатҳои беш аз 20 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон баргузор мешавад, - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳияи маҷмуи тадбирҳо ва пешниҳодҳо оид ба муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат ба субот, амният, барқарорсозии пас аз низоъ дар Афғонистон ва ҳамгироии он ба равандҳои ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардуми сермиллати афғон ва тамоми ҷаҳон мебошад.  
 
 
Тошкент, Душанбе ва Бишкек ба феҳристи арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зисти хориҷиён ворид шуданд
CentralAsia (UZ). Тошкент, Душанбе ва Бишкек дар феҳристи арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зиндагии мутахассисони хориҷӣ қарор доранд. Маълумот дар рейтинги «Cost of Living City» оварда шудааст. Дар маҷмуъ, дар рӯйхат 227 шаҳр мавҷуд аст, ҳисобкунӣ аз гаронтарин то арзонтарин сурат мегирад.  
Гаронтарин шаҳр барои зиндагии хориҷиён Ҳонконг ва арзонтарин шаҳр Анкара эътироф шудааст. Ба даҳгонаи арзонтарин шаҳрҳо: Алҷазоир, Тунис, Истанбул, Карочӣ, Исломобод, Алмаато (219), Душанбе (225) ва Бишкек (226) шомил шуданд.
Ба даҳгонаи беҳтарин аз рӯи арзиши баланд якбора чаҳор шаҳри Швейтсария дохил шуд: Сюрих, Женева, Базел ва Берн.
Рейтинги гаронарзиштарин ва арзонтарин шаҳрҳо ҳамасола аз рӯи арзиши беш аз 200 молу хидматрасонӣ, аз ҷумла арзиши иҷораи манзил, нақлиёти ҷамъиятӣ, ғизо, либос ва фароғат, арзёбӣ мешаванд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4269
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед