logo

Хабарҳо

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

 
Дар мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо муовини Сарвазир – вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Леван Давиташвили, ки дар Тифлис баргузор гардид, масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, сайёҳӣ, инчунин, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкориҳо муҳокима шуданд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ҷонибҳо ба мавзуи баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон оид ба тиҷорату иқтисод, ки соли ҷорӣ дар Тифлис дар назар аст, таваҷҷуҳ карданд. Таъкид рафт, ки ҷаласаи мазкур саҳифаи тозаи равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро боз мекунад.
Ҳамчунин, масоили тавсеаи соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ, матраҳ шуданд.
 
 
Форуми минтақавии нозирони давлатии меҳнати кишварҳои Осиёи Марказӣ 
ва Россия доир мешавад
9 – 12 август дар Ӯзбекистон нахустин Форуми минтақавии давлатии нозирони меҳнат, ки аз ҷониби Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ ташкил шудааст, баргузор мегардад. 
Дар Форум 60 коршинос аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Россия иштирок хоҳад кард, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА».
Ҳадафҳои асосии Форум таҳкими ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Россия дар таҳия ва татбиқи сиёсат дар соҳаҳои назорати давлатӣ ва меҳнат, баланд бардоштани сатҳи дониш, самаранокӣ ва натиҷабахшии меҳнат ба василаи гузарондани машварати омӯзишӣ ва табодули таҷриба мебошанд.
 
 
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 403 омӯзгор эҳтиёҷ доранд
Таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони касбӣ баргузор гардид. Дар он вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорон ва бартараф намудани норасоии кадрӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, маълум гардид, ки айни замон муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба 403 омӯзгор эҳтиёҷ доранд. 
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, дар ВМКБ 130, вилояти Хатлон 7, вилояти Суғд 42, шаҳри Душанбе 21 ва дар ШНТҶ 203 омӯзгор намерасад.
Зикр гардид, ки бартараф намудани 3003 норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, асосан, аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки бо роҳхат ба кор фиристода шуданд, омӯзгорони собиқ, ки тарки касб карда буданд, омӯзгороне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд, омӯзгороне, ки дар рухсатии нигоҳубини кӯдак қарор доштанд ва омӯзгороне, ки бо дигар сабабҳо аз соҳа рафта буданд, таъмин шуд. 
Тибқи фармоиши вазири маориф ва илм, фаъолияти Ситоди корӣ то 31 августи соли 2022 идома ёфта, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ва собиқ омӯзгорон таъмин мешаванд.
 
 
Хатсайрҳои қатораи мусофирбарӣ аз Тоҷикистон ба Россия ба роҳ монда шуд
Пас аз оғози маҳдудият дар хатсайрҳои қатораҳои мусофирбар ба самти Россия дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус, ки зиёда аз ду сол давом кард, ҳаракати қатораҳои мусофирбарии байналмилалӣ дар ин масир дубора ба роҳ монда шуд, - иттилоъ дод Вазорати нақлиёт. 
Ин иқдом пас аз гуфтушунидҳои сатҳи олӣ ва роҳбарияти идораҳои роҳи оҳани ҳар ду кишвар сурат гирифт.
16 август қатораҳои мусофирбарии хатсайри “Кӯлоб – Волгоград – Кӯлоб”, 27 август хатсайри “Душанбе – Волгоград – Душанбе” ва 7 сентябр хатсайри “Хуҷанд – Волгоград – Хуҷанд” ба сафар мебароянд.
Арзиши чипта дар хатсайри "Кӯлоб – Волгоград" дар вагонҳои  платскартӣ  1580 сомонӣ ва вагонҳои купеӣ 2040 сомонӣ муқаррар гардида, дар дигар хатсайрҳо дар мувофиқа бо кишварҳое, ки қатора сарҳадашонро убур мекунад, нарх муайян мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6126
30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед