logo

Хабарҳо

РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба манзили сокиноне, ки дар натиҷаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни Қирғизистон ҳалок шуданд, омада, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд. 
Бояд гуфт, ки 14 – 17 сентябр сарҳадчиёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон бо истифода аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, инчунин, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2», системаҳои мушакии зарбазананда амалиёти мусаллаҳона анҷом доданд, ки боиси ҳалокати сокинони осоишта гардид.
 
 
 
ВКХ ДУ ИЗҲОРОТИ ВОБАСТА БА МУНОҚИШАИ  МАРЗИРО ШАДИДАН МАҲКУМ КАРД
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Б. Амреев роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки 16 сентябр пахш шудааст, шадидан маҳкум кард. 
Дар вокуниши Вазорат омадааст: «Изҳороти Б. Амреев таассуфовар мебошад, зеро он ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад. Чунин изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа эҷод мекунад».
Илова бар ин, Вазорати корҳои хориҷии мамлакат изҳороти котиби Шурои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд.
«Чунин изҳорот дар асоси сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин, ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар нигаронда шудааст. Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ, ки ба виҷдони муаллифони онҳо вобаста аст, дар ин лаҳзаҳо метавонад вазъиятро барои халқҳои мо душвор гардонад»,- омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ вобаста ба мусоҳибаи котиби Шурои амнияти Қирғизистон.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии кишвар бори дигар мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди қобили қабул набудани тезутундшавии вазъ дар фазои расонаӣ тасдиқ кард.
Гуфта мешавад, ки 19 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои амнияти давлатии ду кишвар ба имзо расидани протокол дар бораи танзими вазъ дар марз истиқбол гардида, ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки риояи катъии он имкон медиҳад, то раванди музокирот аз рӯи тамоми маҷмуи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба таҷдид шавад.
 
 
ОМОДАГӢ БА КОНФРОНСИ ДУШАНБЕ ОИД  БА МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ
Дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и ҷаласаи 77-уми Маҷмаи умумии СММ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) Владимир Воронков баргузор гашт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNOCT, бавижа амнияти минтақавӣ, вазъи Афғонистон, омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18 – 19 октябри соли равон дар Душанбе дар доираи «Раванди зиддитеррористии Душанбе» баргузор мегардад, баррасӣ карданд.
 
 
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪКИД ГАРДИД
Дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, кишварҳои камтараққикарда ва кишварҳои хурди ҷазиравӣ Рабаб Фатима доир гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ таъкид намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4703
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед