logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. ВАҚТЕ СУХАН ДАР БОРАИ ХОНАВОДА МЕРАВАД...

 
Имом Муҳаммад Ғазолии Тӯсӣ дар асари худ «Насиҳат-ул-мулук» фармудааст. Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд.
 
Бо такя ба панду андарзҳои орифони гузашта, бо пешниҳод ва ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми қонунгузории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Он аз бисёр ҷиҳат хусусияти миллӣ дошта, ба имрӯзу оянда нигаронда шудааст. Дар ин Қонун масъулияти асосӣ ба зиммаи калонсолон мебошад. 
Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҷамила Рӯзизода дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» изҳор дошт: «Оила рукни асосии давлатдорӣ буда, пойдевори асосии ҷамъият ба шумор меравад. Ин пойдевор танҳо дар сурати муоширати хуби хонаводагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ишқу муҳаббат, иззату эҳтироми якдигар мустаҳкам мешавад. Бунёди оила аз навхонадорон омодагии ҷидии равонию ҷисмонӣ, маънавӣ ва иқтисодиро талаб мекунад. Мутаассифона, баъзе ҷавонон ба зиндагии мустақилона омода нестанд ва ин ниҳоди муқаддасро ба ҷиддият намепазиранд. Таҷрибаи рӯзгор нишон медиҳад, ки сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон бармаҳал хонадор шудан, маърифати нокифоя, дахолати падару модар ё падарарӯсу хушдоман ба зиндагии фарзандон, безурётӣ, никоҳи хешутаборӣ ва бекориву муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.
Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин масъулони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси талаботи соҳа, дар ҳамбастагӣ бо фаъолони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо занон ва оила сурат мегирад. Имсол онҳо якҷоя бо сархатибони масҷидҳои ҷомеъ, равоншиносон, зиёиён ва пирони муътабару омӯзгорони пуртаҷрибаи собиқадор дар байни аҳолӣ, дар ҷамоатҳои Доғистон, Дашти Ҷум, Саричашма, Чагам ва Шурообод корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд. Дар ноҳия имсол сатҳи бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба солҳои гузашта хеле коҳиш ёфта, шаш оилаи ҷавони дар ҳолати вайроншавӣ аз нав ба зиндагии осоишта баргардонда шуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар 9 моҳи соли 2022 дар САҲШ-и ноҳия 310 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуданд. Бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра ҳамагӣ ёздаҳтост.
Нуқтаи муҳиме, ки дар вохӯриҳо махсус таъкид мегардад, ин пешгирӣ аз никоҳи хешутаборӣ мебошад, зеро ба андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ тақрибан 20-25 дарсади таваллуди кӯдакони маъюб маҳз аз никоҳи хешутаборист. Барои пешгирӣ аз ин раванди номатлуб дар ноҳия ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда диққати махсус дода мешавад. Муоинаи тиббии пешакӣ барои фароҳам овардани шароити зарур дар ташаккули оилаи солим, пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб ва бемориҳои ирсӣ гузаронда шуда, комилан ройгон мебошад, – гуфт Ҷамила Рӯзизода. 
Соли 2015 аз ҷониби Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳияи дурдасти баландкӯҳ бинои нави замонавӣ, муҷаҳҳаз бо технологияи нави сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он хизматрасониҳои бақайдгирии давлатии таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фавт, муқаррар намудани падарӣ, фарзандхонӣ, ивази ному насаб ва дигар хизматрасониҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад. Ин туҳфаи роҳбарияти олии мамлакат масъулини соҳаро вазифадор месозад, ки ба шаҳрвандон дар самти истеҳкоми пояҳои хонадорӣ хизматҳои содиқонаи касбиро ба пуррагӣ ба сомон расонанд.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2022    №: 223    Мутолиа карданд: 425
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед