logo

сиёсат

ХИРАДСОЛОР

Ҳақиқати замонҳо ва таҷрибаи рӯзгорон собит намудааст, ки хиради азалӣ ва ҷавҳари фитрӣ ҳамеша инсонро ба пешгоҳи орзуҳо мебарорад, мақоми фардии ӯро волотар ва шукӯҳу азамати руҳонияшро афзун мегардонад. Барои такомули маънавии одамӣ баробари шарофати донишу маърифат ва истеъдоду маҳорат, пеш аз ҳама, волидони покизаву соҳибэҳтиром, некхоҳу некбин, меҳнаткашу заҳматқарин, инчунин, муҳити созгори оилавӣ, фазои хуби иҷтимоӣ, устодону омӯзгорони доно ва вусъати мутолиаю омӯзиш басо зарур аст. Агар ин фазилатҳоро дар муносибат ба шахсияти арзандаву сутудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди қиёсу мушоҳида қарор диҳем, маълум мешавад, ки ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар муҳити воқеан маънавибунёд зода ва ба камол расидаанд. 
Хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳбандӣ намуда, шарҳу тавзеҳ додан кори саҳлу сода нест, зеро аз кишвари ҷангзада, мардуми дар давлатҳои дуру наздик пароканда, иқтисодиёти фалаҷгашта, низоми ҳокимияти сиёсии мутлақо азбайнрафта, инфрасохтори шикаставу абгор ва аз дигар механизмҳои корношоями давлатдорӣ бунёд кардани як мамлакати воҳид ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибэътибор кардани он устуворӣ ва заҳмату талошҳои зиёдро тақозо мекард.  
Эълон гардидани се ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ аз минбари Иҷлосияи шонздаҳум дар таъмини рушди босуботи ҷомеа ва муаррифии ин сиёсатмадори соҳибмактаб нақши муассир гузошт. Ҳоло, бо гузашти солҳо ва дар фосилаи начандон тулонии таърихӣ мо шоҳиди он гардидем, ки се ҳадафи аслии дурнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди амал қарор гирифта, кишвари мо тавассути бунёди хати баландшиддати Ҷануб – Шимол аз вобастагии энергетикӣ баромад, ба воситаи сохтмони нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Озодӣ”, “Хатлон” аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба кишвари аз назари ҷуғрофӣ воҳид табдил ёфт. Дар идомаи расидан ба ҳадафҳои бузург Пешвои миллат 26 декабри соли 2019 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакатро эълон намуданд. Дар ин замина, солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки, аллакай натиҷаҳои чашмрас ба миён омадаанд. Эҳё намудани гузаштаи пурифтихор ва ёдоварӣ аз санаҳои муҳими таърихӣ, ки боиси худшиносиву худогоҳии наслҳо мегарданд, аз шумори ибтикороти Президенти кишваранд. Дар ин радиф метавон аз таҷлили 1000-солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1994), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), ҳазораи Носири Хусрав (2000), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), 2700-солагии китоби «Авасто» (2003), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (2007), 1150-солагии устод Рӯдакӣ (2008), 1310-солагии Имом Абуҳанифа (2009), 3000-солагии шаҳри бостонии Ҳисор (2015), 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (2015), 5500-солагии Саразм (2020), 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (2020) ва дигар санаҳои таърихӣ ёд кард, ки боиси баланд гардидани дараҷаи худшиносиву худогоҳии наслҳо гардиданд. Дар доираи ин ҷашнвораҳои бузург эълон гардидани солҳои тамаддуни ориёӣ (2006), Мавлонои Балхӣ (2007), забони тоҷикӣ (2008), Имоми Аъзам (2009), маориф ва фарҳанги техникӣ (2010), Соли ҷавонон (2017), Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), Бистсолаи омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020-2040) низ дар амри таҳкими худшиносии миллӣ ва худогоҳии маънавӣ, болоравии сатҳи маърифати ҷомеа нақши муассир ва созанда гузоштаанд.   
Дар пешгоҳи низоми давлатдорӣ баровардани мактабу маориф намунаи тобони саъю кӯшишҳои Президенти маҳбуби мамлакат ҷиҳати равнақи соҳа ва тарбияи наслҳои ҳушманду хирадманд аст. Бо итминон метавон афзуд, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат раванди фаъолияти муассисаҳои илму маориф куллан тағйир ёфта, дастовардҳои назаррас ҳосил шуданд. Бунёди кӯдакистону дабистонҳо, мактабҳои президентӣ, муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, интернатҳо, хонаҳои кӯдакон, донишгоҳу донишкадаҳои замонавӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани раванди таълим, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ, ташкили ихтисосҳои замонавӣ дар муассисаҳои олии таҳсилоти касбӣ, таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғамхориву назорати доимӣ фаро гирифтани ятимон, таъсиси квота ва стипендияи президентӣ, ташкили Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника барои ҷавонон, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устодон ва омӯзгорон  дар риштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва дигар  тадбирҳо самараи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари хирадманди мамлакати мост.
Ин далелу рақамҳо гувоҳи онанд, ки соҳаи маориф дар замони  соҳибистиқлолӣ  таҳти  сиёсати  ояндабинонаи  Президенти кишвар ҳамеша дар ҳоли ташаккул қарор гирифта, муҳимтарин низом ва тамоюлҳои маорифи ҷаҳонӣ дар низоми таҳсилоти кишвари мо татбиқ гардидаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон чун кишварҳои пешқадами ҷаҳон низоми таҳсилоти сезинагӣ дар таҳсилоти олӣ қабул шудааст, ки дар заминаи он барномаҳои пешқадами соҳаи маориф ба мавқеи иҷро гузошта шудаанд.
Гузашта аз ин, мо дар заминаи сиёсати фарҳанг-парваронаи вориси асили ниёгон ва тарғибгари ҳақиқии тамаддуни миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафтҳои бесобиқаи фарҳангӣ низ, ноил гардидем. Бунёди бинои замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, идомаи сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, бунёди қасрҳои фарҳангӣ, театрҳо, китобхонаҳо, кохҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва садҳо иншооти санъату ҳунар ҳама маҷмуи тозакориҳову тозаандешиҳои Сарвари давлати тоҷикон мебошанд. 
Дар  идомаи  ин тадбирҳои фарҳангсолорона Пешвои миллат ба таълифи чанд китоби арзишманд, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Имоми Аъзам: нигоҳе ба рӯзгор ва осор», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат - ҳастии миллат» иқдом намуданд, ки ҳамагӣ барои ҷомеаи мо дарсҳое аз худшиносии миллӣ, сабақҳои маорифпарварӣ, шинохти арзишҳои миллӣ, зарурати инқилоби фарҳангӣ ва аз ин роҳ ҷустуҷӯи равишҳои матлуби таҳкими истиқлоли маънавиро медиҳанд. 
Шоистаи таъкид аст, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам ва чор ташаббуси бузург – «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бузургу нотакрор аст. Ҳосили андешаи олии сиёсӣ ва роҳандозии сиёсати “дарҳои боз” имкон дод, ки бузургтарин тарҳҳои байналмилалӣ дар ҳамаи самтҳои сиёсӣ мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои ташаббусҳои наҷиби сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад. 
Пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе борҳо мизбони чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, конфронсу саммитҳо ва дигар нишастҳои байналмилалӣ гардида, ин шаҳри ҷавон обрӯи тоҷикистониён ва нишонаҳои тобноки ободкориву эҷодкориҳои мардуми моро ба оламиён рӯнамо сохтааст. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир Душанбе бо роҳбарии раиси бунёдкору навпардоз Рустами Эмомалӣ сарсабзу хуррам гардида, дар он ҳамасола боғҳои фарҳангию фароғатии нав, биноҳои истиқоматии замонавӣ, коргоҳҳои саноатӣ, кӯдакистонҳову мактабҳо, майдонҳои варзишӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохта мешаванд.
Мардуми сарбаланду сипосгузори тоҷик ба хотири ҷоннисориву худафрӯзиҳо дар бунёди давлати навини Тоҷикистон Сарвари хирадсолори худро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сазовор донистанд. Ин муҳаббатномаи ҷовидонӣ бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат» 9 декабри соли 2015 (баъдан қонуни конститутсионӣ) аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки ниҳояти ихлосу иродати мардум ба фарзанди сулҳофару адолатшиор ва родмарди дар ҷаҳон машҳури худ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Итминон дорам, ки эҳтиром ба шахсияти тобноки таърих Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзудаву бозтоби корномаҳои бузурги давлатсозиашон ба шеваҳои матлуб, бо натиҷаҳои назаррас, бо ибтикороти судманд идома меёбанд ва мо бо ифтихор мегӯем: фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон раҳнамову раҳкушои имрӯзу фардои Ватан!
 
Аюб УСМОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи 
давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2022    №: 225    Мутолиа карданд: 281
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед