logo

Хабарҳо

Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

 
Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, зимни баромад дар нишасти матбуотии ҳайати нозирон оид ба натиҷаҳои мониторинги интихоботи Президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона иброз намуд, ки иштироки шаш номзад дар маъракаи интихоботӣ аз рақобатпазирии раванди интихобот шаҳодат медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, нозирони байналмилалии АБ ИДМ ба хулосаи умумӣ омаданд, ки интихоботи пешазмуҳлати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 20 ноябри соли 2022 баргузор гардид, бо риояи ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи иштирокчиёни раванди интихобот доир  гашт. 
Дилрабо Мансурӣ, ҳамчунин, дар доираи сафар бо роҳбарияти порлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуд.
 
 
Ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО 
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё  (МҲТБО) ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони идораҳои сайёҳии Озарбойҷон, Бангладеш, Чин, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия  ва котиботи МҲТБО иштирок доштанд.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарони ҳайатҳо вазъи ҳозираи соҳаи сайёҳии миллӣ ва тадбирҳоеро, ки барои мустаҳкам намудани иқтидори саноати сайёҳии давлатҳои аъзои МҲТБО андешида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ба соҳаи сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО дар рафъи оқибатҳои COVID-19 дастгирии мутақобила расонанд. 
 
 
Вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳри Хоруғ 
Дар ҷаласаи назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр шуд, ки ҷиҳати таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи мутобиқ намудани иншооти ҳамшафати роҳи марказӣ ба талаботи шаҳрдорӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Зарур аст, ки ҳамаи биноҳо таъмиру рангубор гардида, равшаникунонии биноҳои баландошёна низ ба роҳ монда шавад. 
Таъкид рафт, ки дар шаҳри Хоруғ сохтмону навсозии 250 иншоот, асфалткунии 2 ҳазору 800 метр роҳи мошингард, чароғонсозии биноҳои баландошёна ва дигар корҳои созандагӣ дар нақша аст. 
Раиси вилоят ба раиси шаҳри Хоруғ ва роҳбарони идораву муассисаҳо супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон корҳои созандагиро вусъат бахшида, масъалаи равшансозии шабонаи биноҳои идораву муассисаҳо ва иншооти бахши хусусиро ҳаллу фасл намоянд.
 
 
Табодули таҷриба ва баррасии мониторинги обҳои рӯизаминӣ
Дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия (SYKE) оид ба лоиҳаи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ» дар шаҳри Хелсинки вохӯрии мутахассисони ду ҷониб барои табодули таҷриба ва баррасии масоили марбут ба мониторинги обҳои рӯизаминӣ баргузор шуд.
Муовини якуми раиси Кумита Зарафо Қиёмзода ба коршиносони Институти мазкур дар бораи фаъолияти Кумита дар самти амалигардонии сиёсати экологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ маълумот дод. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи финляндиҳо мутахассисони Кумита бо системаи идоракунии маркази лабораторияи SYKE шинос мешаванд.
25 ноябр баргузории ҷаласаи Шурои лоиҳа дар назар аст, ки дар он аз фаъолияти соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, инчунин, нақшаи фаъолият барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
 
 
Таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Юнон
Дар Вазорати фарҳанг вохӯрии муовини якуми вазир Обид Назариён бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Юнон, (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Екатерина Насика баргузор гардид, - хабар дод Марям Холиқзода аз маркази матбуоти Вазорат.
Ҷонибҳо вобаста ба таъриху фарҳанги бою ғанӣ ва чандинҳазорсолаи  Тоҷикистону Юнон суханронӣ карда, ҳамкориҳо дар самти боздид ва баргузории як қатор чорабиниҳо дар мавзеъҳои таърихӣ ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан бо таърих, фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистон ва Юнон, омода кардани мутахассисони соҳа, баргузории барномаҳои консертӣ, намоишномаҳои театрӣ ва ҳунарҳои мардумиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6860
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед