logo

Хабарҳо

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, аъзои ситоди вилоятӣ, инчунин, роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдор ҷаласаи Ситод оид ба зимистонгузаронӣ ба таври маҷозӣ доир гардид. 
Тавре аз ВМКБ хабар доданд, дар ҷаласа масъалаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023" баррасӣ гашт. 
Зикр гардид, ки ба ҳолати имрӯза соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, картошка, меваю сабзавот, консервҳо ва дигар маҳсулоти озуқа, пурра таъмин мебошанд. Соли равон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъминоти муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ бо ангишт ва маводи сӯхт ба буҷети маҳаллӣ иловатан 3 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Тибқи нақша талаботи аҳолии вилоят, идораву корхонаҳо ба ангишт зиёда аз 23 ҳазор тоннаро ташкил дода, то имрӯз он 75 фоиз иҷро шудааст.
Усмоналӣ Усмонзода баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, аъзои ситоди вилоятӣ ва мудирияти Ширкати "Помир Энерҷи" супоришҳои мушаххас дод.
 
 
 
ИМЗОИ ЯК ҚАТОР САНАДҲОИ МУҲИМ
Таҳти раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амният баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва котиби Шурои амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ карданд.
Ба иттилои вазорат, дар ҷаласа натиҷаҳои чорабиниҳо дар марҳилаи байниҷаласавӣ мавриди баррасӣ қарор гириф-та, вобаста ба чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда табодули афкор сурат гирифт ва рӯзномаи иҷлосияи дарпешистодаи Шу-рои амнияти дастаҷамъӣ тасдиқ гардид.
Иштирокчиён як қатор санадҳоро, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими суботу амният ва рушди самтҳои ҳамкории кишварҳои узви СААД равона шудаанд, ба имзо расонданд.
 
 
 
ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ  ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти кишвар ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ ва роҳпаймоӣ доир гашт. Дар он намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ, варзишгарон, гирандагони стипендияи президентӣ ва сокинону меҳмонон иштирок намуданд.
Муовини якуми раиси шаҳр Ҷамшед Табарзода ҳозиронро аз номи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки сокинони пойтахт ҳамеша зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат барои ободии шаҳр заҳмат кашида, дар рушди минбаъдаи он талош хоҳанд кард.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки Рӯзи Парчами давлатӣ аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷики-стон расман таҷлил мешавад. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ - Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид шаҳодат медиҳад.
 
 
 
«ДОВ» ДАР ФЕСТИВАЛИ КИНОИ ҲИНДУСТОН  НАМОИШ ДОДА МЕШАВАД
Филми  «Дов»  барои  ба  даст  овардани  «Медали  ЮНЕСКО – Ганди» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон бо давлатҳои Бангладеш, Булғория, Ҳиндустон, Эрон, Бразилия ва Канада рақобат мекунад, – иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони филм Муҳиддини Музаффар.
Фестивали мазкур аз 20 то 28 ноябр дар Гоа – яке аз 29 иёлати Ҳиндустон баргузор мегардад. Фестивали фавқуззикр яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвар намоиш дода мешавад. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.
Барномаи Фестивали байналмилалии филмҳои Ҳиндустон дар ҳафт толори кино-театри пойтахти Гоа баргузор мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5792
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед