logo

президент

Оид ба рафъи паёмадҳои зимистони тӯлонӣ машварат доир гашт

Бегоҳии 13 март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили вобаста ба рафъи паёмадҳои зимистони тӯлонии сарду сербориш, вазъи номусоиди обу ҳавои кунунӣ, боришоти зиёди барфи рӯзҳои охир, аз хавфи тармаю обхезӣ эмин нигоҳ доштани мардум ва хоҷагии халқи кишвар ва ҳамчунин ёрӣ ба чорводорон баррасӣ шуд.
Доир ба вазъи кунунӣ ва чораҳои андешидашуда Муродалӣ Алимардон, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ ва дигар шахсони масъул гузориш доданд. Тавре ки зикр гардид, зимистони сарду тӯлонии имсола ва боришоти аз ҳад зиёди барф ба хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла роҳу пулҳои мошингард ва бахши чорводории соҳаи кишоварзӣ хисороти зиёд ворид намуд. Дар натиҷаи хунукназарии масъулон ва наандешидани чораҳои саривақтӣ дар бисёр минтақаҳои кӯҳистон талафоти чорво ба назар мерасад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор доир ба нигоҳубини роҳҳои мошингард, аз тарма тоза кардани роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон, таъмини рафту омади  мусофирон, дастрас намудани хӯроки иловагии чорво ба чорводорон, ба хусус чорводорони минтақаҳои кӯҳӣ ва хуб ба роҳ мондани корҳо дар мавсими тӯлгирӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то якуми апрели соли равон доир ба натиҷаҳои тӯлгирӣ ва вазъи чорводорӣ дар кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Зимни машварат ба масъулони дахлдор ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.12    №: 35    Мутолиа карданд: 18400
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед