logo

дигар

Президент ҷаласаи Шӯрои инвеститсиониро ифтитоҳ кард

18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтарнамоии фазои инвеститсиониро гузаронид.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои машваратӣ ҳамчунин Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фарух Ҳамралиев, роҳбари муассисаи минтақавии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо Матю Ле Блан, директори лоиҳаи Ширкати байналмилалии молиявӣ В. Вернер, директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон Кэролин Брайн, раиси идораи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба ӯлҷабоева, президенти ширкати «Тетис Тоҷикистон лимитед» Дэвид Робсон, директори генералии ширкати «Рухом» Муфарраҳ Муҳаббатов, дигар аъзои шӯро ва шахсони дахлдор иштирок намуданд. 
Дар маҷлиси навбатии Шӯрои машваратӣ нахуст масоили иҷрои қарорҳои дар машварати гузашта қабулшуда баррасӣ гардид. Аъзои Шӯрои машваратӣ  зимни гузоришҳои худ оид ба рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна» андеша ронда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии Тоҷикистон дар ин давра як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зарурӣ қабул шуданд.  Дар маҷмӯъ ба оғози кори Шӯрои машваратӣ ва рафти беҳтаршавии фазои инвеститсионии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.
Барои беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар масоили такмили низоми идорию иҷозатномадиҳӣ баррасӣ шуд.
Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтарнамоии фазои инвеститсионӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат санадҳои заруриро оид ба ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.
Масъалаи дигари рӯзномаи машварат беҳтарнамоии обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон  аз рӯйи нишондодҳои «Сохтмон» буд.
Аз рӯйи натиҷаҳои машварати имрӯза Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи татбиқи чораҳои мушаххаси ба беҳтарнамоии обрӯйи  байналмилалии Тоҷикистон равонагаштаро тасдиқ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар пешниҳод намуд, ки Барномаи «180 рӯзи ислоҳот» таҳия карда шавад, ки ба беҳтарнамоии фазои инвеститсионӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ равона гашта бошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 18299
21.06.2021


КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед